расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ ИНТЕРНЕТ АРӮС ЁФТА, ШАРМАНДА ШУДАМ

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ ИНТЕРНЕТ АРӮС ЁФТА, ШАРМАНДА ШУДАМ


Номи ман Аҳмад. Мо дар оила 7 нафар ва ман писари хурдӣ ҳастам. Се бародарам оиладор шуда, соҳиби фарзанд шудаанд, апаҳоям низ шавҳару фарзанд доранд… 

Ҳар рӯзи зодрӯзам хурсанд мешудам, ки боз як сол калон шудам. Намедонам аз чӣ бошад, ки 18-сола шудан ба назарам аҷиб метофт. Ҳамеша худ ба худ андеша мекардам, ки 18 сола шавӣ, калон мешавӣ ва дигар ҳеҷ кас ба ту кордор намешавад. Зиндагии мустақилонаат ғоз меёбад ва бо майли дил ҳаётатро тарзе, ки худат мехоҳӣ, месозӣ, вале… 

Пас аз 18 солагӣ боз 4 соли дигар дар зери дасти муаллимон мондам. Ба азобҳои давраи донишҷӯӣ базӯр тоб оварда, худро тасаллӣ медодам, ки кам монд Аҳмад, тоқат кун, кам монд. 

Ишқи онлайнӣ

Дар синни 22-солагӣ ба духтаре чун Маҷнун девонавор ошиқ шудам. Ёдам ҳаст, замоне ки ошиқ шудам, дар курси 4-и донишгоҳ мехондам. Ростӣ, то он дам ба чанд духтар изҳори муҳаббат карда будам, аммо ягонтояш самимӣ набуда, танҳо ҳавою ҳаваси ҷавонӣ буд… 

Ҳамааш аз онҷо шурӯъ шуд, ки телефони қимматбаҳо харида, бори аввал инстаграм кушодам. Интернет чунон маро ба худ кашид, ки ҳар саҳар баъди аз хоби ширин бедор шудан аввал интернетро дармегирондам ва ба лентаву директ медаромадам. Чанд муддат ҳамин хел идома кард. Рӯзе дар вақти тамошои лентаи инстаграм чашмам ба нафаре бархӯрд, дар аввал он қадар аҳамият надода, ба ӯ лайк мондам, рӯзи дуюм боз ҳамон духтар дар сайти ман пайдо шуд. Ин бор низ лайкаш мондам ва ба профили шахсиаш даромада дигар суратҳояшро низ тамошо кардам. Ростӣ ба назарам бисёр зебо намуд. Акнун интизор мешудам, кай сурати навашро нашр мекунад. 

Ҳамин тавр «ошиқ» шудам. Синну солам ба 22 расида, аҳли оилаамон дар фикри оиладор кардани ман афтода буданд. Рӯзе модарам ба ман занг зада гуфт, ки туро хонадор карданием, агар ягон духтарро таги чашм карда бошӣ, бигӯ, ба хонаашон хостгорӣ равем, вале натавонистам ба модарам бигӯям, ки якеро дӯст медорам, чунки ҳоло худи духтар аз ишқам хабар надошт, бар замми ин, боварӣ доштам, ки аҳли оилаамон ҳеҷ гоҳ духтареро, ки интернет дорад, келин намекунанд. Хулоса, мани ошиқи шайдо ба гирдоби андеша фурӯ рафта, чи кор карданамро намедонистам. Хеле фикр карда ба хулосае омадам, ки аввал бояд дили духтарро ёбам, баъд ягон илоҷ карда, волидонамро розӣ мекунам.

Тӯй ва чеҳраи ғамгини арӯс

Волидонам дили маро нашикаста ба хостгорӣ рафтанд. «Оилаи на он қадар сарватманд, аммо тоза будаанд,"-гуфт модарам баъди бозгашт аз хонаи арӯс ва илова кард, «Аммо «Слишком современий метобанд.» Ҳамин тавр дилу бедилон волидонам ба хотири наранҷидани ман ба тӯй омодагӣ диданро сар карданд, вале рӯзе аз хонаи арӯс занг заданд. Модарам бо қудояш гап мезаду ман гӯш ба қимор менишастам, ки чӣ мегуфта бошанд. Зоҳиран чунон вонамуд мекардам, ки гӯё ба гапҳои онҳо гӯш намедодам,аммо тамоми ҳушу хаёлам ба телефон банд буд. Модарам паст-паст чизе гуфта телефонро хомӯш кард ва ба андеша рафт. Апаам аз ӯ пурсид, ки чи гап шуд, вале модарам даст афшонда «онҳо розианд» гуфту аз паси кору бори худаш шуд.

Ман дар куртаам намеғунҷидам, аз хурсандӣ наметавонистам дар як ҷой қарор истам. Дилам мехост бо тамоми овоз фарёд занам, аммо шарм медоштам. Дар дил худ ба худ ба волидони дӯстдоштаам сад бор раҳмат мегуфтам, ки розӣ шуданд гул барин духтарашонро ба ман диҳанд.

Шаби аввал ва муҳоҷират

Ҳамаи хешу табор ба хонаҳояшон рафта, танҳо модари арӯс бо ду аммааш монданду халос. Дилам мехост тезтар маро бо арӯс танҳо кунанд ва симои зебои ӯро дар интернет не, балки аз пеш бубинам. Ниҳоят шаб фаро расид ва моро танҳо карданд. Дидам, ки арӯс на он қадар табъи хуш дорад. «Арӯс аст, шарм медорад"-гуфта он шаб ба ӯ нарасидам. Саҳар барои хондани намози бомдод хестам. Арӯс аллакай бедор буд ва либосҳои арӯсиашро мепӯшид. Ба берун баромадам. Модари арӯс ба тарафи ман тез-тез чашм медӯхт. Ҷонибаш лабханд задам.

Мис-мечта

Дар муҳоҷират рӯзи аввал пазмон шудам. Пазмони париҷеҳрае ки дар хона доштам. Пас аз чанд вақт хабар омад, ки фарзанддор мешавам. Он рӯз ман хушбахттарин одами рӯи дунё будам. Ҳар рӯз бо имо занг зада аз аҳволи хонавода хабардор мешудам. Бо ҳамсарам низ бисёр муошират мекардам. Як рӯз тибқи одат ба инстаграм даромадам. Дар рӯйхати обуначиёни ман нафари наве бо номи Мисс Мечта пайдо шуда буд, вале аҳамият надодам.
Фарҷоми талхи афсонаи ширини ишқ
Ҳамон рӯз ба интернет даромадам ва арӯсамро дар пеши мошини бегона бо як марди бегона дидам. Суруд мехонд ва механдид.

Аз ҳамон рӯз ба интернет дигар намедароям.

Андактар ба ман занг зада гуфтанд, ки арӯс исқоти ҳамл намуда, кӯдакро нобуд кардааст.

Ҳамин тавр арӯси аз интернет ёфтаам маро дар пеши падару модар, хоҳару бародар, хешу табор ва ҳамсояҳо сархаму шарманда кард. Гумон мекунам аз ман нодонтар, аз ман аҳмақтару сода касе нест.

Сарчашма: ​oila.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.