расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Фоҳишаҳо магар дар Тоҷикистон 14 ҳазоранд?

Асосӣ / Ҷомеа

Фоҳишаҳо магар дар Тоҷикистон 14 ҳазоранд?


Хабарнигори чинӣ аз куҷо иттило дарёфт кардааст, ки дар Тоҷикистон  14 ҳазор фоҳиша ҳаст ва 200 фоҳишахона фаъолият дорад? Агар ин омор дуруст бошад пас чаро мақомоти Тоҷикистон дар ин бора хомӯшӣ ихтиёр кардаанд?  

Магар бо чунин як маводи таҳқиромез  Ҷиянг Шен Ян шаъну шарафи зани тоҷикро паст назадааст? Магар ӯ бо овардани ин далелҳои носаҳеҳаш миллати моро таҳқир накардааст?  Ӯ бо овардани чунин далелҳо чиро мехоҳад собит созад? Ва ё ин роҳи таблиғ барои шуратпуштҳои чинист, ки бо ҳар роҳу васила ба Тоҷикистон оянду ҳар чи дилашон хоҳад ҳамонро анҷом диҳанд?

Сомонаи «Мавҷи Озод» (网易-Wangyi) дар мақолаи худ бо имзои Ҷиянг Шен Ян (蒋沈杨) навиштааст, «дар Тоҷикистон 14 ҳазор фоҳиша ва 200 фоҳишахона фаъолият доранд. Нархи хидмати онҳо аз 15 юан, муодили каме беш аз 20 сомонӣ (2 доллар) сар шуда, то бештар аз 1000 сомонӣ (тақрибан 100 доллар) мерасад. Ҷалби онҳо инчунин дар кӯчаҳо, барҳо, тарабхонаҳо, клубҳои шабона ва саунаҳо сурат мегирад.»

Сомонаи чинии «Мавҷи Озод» дар гузориши худ каму зиёдшавии шумори чунин занонро бо солҳои гузашта ва кишварҳои дигар муқоиса накарда, танҳо навиштааст: «Тоҷикистон, яке аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, занони зебои зиёд дорад. Азбаски пас аз пошхӯрии Шӯравӣ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, таносуби мардон ва занон ҷиддӣ буда, ба ҳар мард 5 зан рост меояд… Иқтисоди сусти кишвар боис ба рушди танфурӯшӣ мешавад.»

Сомонаи Pressa.tj  дар ин раванд бо сухангӯи Вазорати корҳои дохила  Нусратулло Маҳмадзода дар тамос шуд ва ӯ гуфт «Фоҳишаҳо дар тамоми дунё буданд ҳастан ва хоҳанд буд. Аммо он нишондоде, ки сомонаи чинии „‚Мавҷи озод " нишон медиҳад  нодуруст аст. Дар Тоҷикистон мавҷуд будани 200 фоҳишахона ба ҳақиқат рост намеояд. Баъзан нозирони митақавӣ квартираҳоро ҳамчун фоҳишахона ном мебаранд,аммо ин ҳанӯз далели он нест, ки дар Тоҷикистон 200 фоҳиша хона бошад.

Pressa.tj  :
–Аммо се сол пеш соли 2018 мақомоти  Тоҷикистон шумори занони «бадахлоқ"-ро бо шумули танфурӯшҳо дар кишвар тақрибан 6 ҳазор кас шумурда буданд.  Магар ин адад афзоиш наёфтааст?

-Бинобар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо ҷойи кор таъмитн кардан ин нишондоди соли 2018 коҳиш ёфтаавст. Пас ман бо боварӣ мегӯям, ки он чи сомонаи чинӣ нишон додааст, нодуруст мебошад., -мегӯяд сухангӯи ВКД.

Ва дар суҳбати «Радиои озодӣ» Гулҷаҳон Бобосодиқова, роҳбари созмони «Баробарҳуқуқӣ», гуфт:
«Онҳо воҳима карда истодаанд,  чунин нест. Хато кардаанд. Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ занони фоҳишаро метавонанд, аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима банданд. Агар занро дар муддати як сол бори дувум барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд, аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд. „

Ва ҳамзамон :
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумита, гуфт: ‚Вақте рейдҳои муштарак мешавад, якҷо бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ бо занон суҳбат мекунем. Барои онҳо ҷойи кор пешниҳод мекунем. Вақте маошро, масалан 400 сомонӣ, пешниҳод мекунем, мегӯянд, ин пулро дар як рӯз меёбем. Албатта, ба фикри ман, ин ба шаъну шарафи ҳамон зан мутобиқат намекунад.‘

Бале, басо ҷои таассуф аст, ки чунин як таҳқирро барои миллати тоҷик кадом як чинӣ раво дидаасту бидуни гирифтани маълумоти саҳеҳ рӯи чоп овардааст. Ва ба иззати нафси мардуми кишвар расидааст. Охир ин 14 ҳазор кистанд? Чаро онҳо даст ба чунин аъмоли зишт задаанд? Онҳоро чӣ ба ин водор сохтааст? Бекорӣ, камбизоатӣ, ба Руссия  ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳварҳояшон, ҳирси пулу молу чиз? Кадоме аз ин омилҳо? Барои аз ин шармандагӣ то ҳаде берун ҷастан чӣ бояд кард? Кадом роҳеро бояд интихоб намуд, то садди роҳи ин танфурӯшонро  бигирифт?!

Саочашма: ​pressa.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.