расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Машқҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон чӣ гуна сурат гирифтанд

Асосӣ / Сиёсат

Машқҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон чӣ гуна сурат гирифтанд


Дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон"-и вилояти Хатлон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ аст, чанде пеш марҳилаи хотимавии машқҳои низомии бузургмиқёси ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон ба поён расид.

Ба ин машқҳои 10-рӯза беш аз 2,5 ҳазор сарбозону афсарони артишҳои се давлат, 500 воҳиди техникаи ҳарбӣ ва тӯпҳо (артиллерия), 25 ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ ҷалб карда шуданд.

Дар машқҳо бори аввал истифодаи гурӯҳи неруҳо бо истифодаи густардаи авиатсия, дастгоҳҳои иктишофӣ ва оташфишонӣ, гурӯҳи фурудҳои ҳавонавардӣ (десантҳо) нишон дода шуд.

Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо гуфт, ки чунин тамринҳои зиддитеррористӣ дар таърихи ҳамкориҳои низомии се кишвар бори аввал баргузор шуданд ва дар ин робита зикр кард:

«Таҳлили равандҳои солҳои охир гувоҳи онанд, ки вазъи минтақаи мо ба чӣ гуна ҷараён гирифтани рӯйдодҳо дар вазъи сиёсии Афғонистон вобаста хоҳад буд».



Аз ҷараёни баргузории машқҳои бузургмиқёс наворбардори мо гузориши видеоӣ таҳия намуд.

Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.