расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Поёни ҷаласаи 5-рӯзаи топографҳои Тоҷикистону Қирғизистон. Аммо ҷузъётро шарҳ намедиҳанд

Асосӣ / Сиёсат

Поёни ҷаласаи 5-рӯзаи топографҳои Тоҷикистону Қирғизистон. Аммо ҷузъётро шарҳ намедиҳанд


Аз 4 то 9 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои таъину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як хабарнома иттилоъ дод.

Манбаъ, менависад, ки пас аз анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор  имзо гардид. Дар бораи ҷузъияти протокол ВКХ хабар намедиҳад.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир кунанд,-менависад ВКХ.

Ба навиштаи манбаъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудааст.

Тоҷикистон ҷузъиёти ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистонро тибқи як созишнома, барои расонаҳо шарҳ намедиҳад.

Аммо баъзе аъзои комисия ва намояндагони кишвари ҳамсоя борҳо ҷузъиёти ин нишастҳоро барои расонаҳояшон ифшо кардаанд. Охирин бор дар мавриди ҷузъиёти  кори ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ узви комиссияи ҳукуматии таъину аломатгузории марз аз ҷониби Қирғизистон Абдулат Мирзоев дар ҷаласаи порлумони ин кишвар хабар дода буд.

Хабаргузориҳои қирғизӣ аз қавли ӯ навишта буданд, ки дар се ҷаласаи охирини гурӯҳи корӣ 40 километр марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян карда шудааст.

Ӯ гуфта буд, ки ҷаласаи навбатӣ моҳи август пешбинӣ шудааст ва эҳтимол  ҷаласаи охире, ки дар Душанбе баргузор шуд, дар назар дошт.
Қаблан Қирғизистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки хати лоиҳаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз нуқтаи сарҳади № 43 то нуқтаи сарҳади № 61 ва аз нуқтаи сарҳади № 135 то нуқтаи сарҳадии № 141 муайян кунанд.

Чанде пеш, дар як нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез ба хулосаи воҳиде наомадаанд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр буда, 519 километри он мушаххас шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • elouise | Гости

    Welcome to my blog ! I’m Elouise Wagstaff. Even though I jokingly credit my aunt for my writing talent, I know that it is a talent I have fostered from childhood. Though my grandmother is a writer, I also started out young. I’ve always had a way with words, according to my favorite professor . I was always so excited in English when we had to do a research assignment . Now, I help current pupils achieve the grades that have always come easily to me. It is my way of giving back to students because I understand the troubles they must overcome to graduate. Elouise – Professional Writer – mathinthecloud.com Corps

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.