расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Натиҷаи гароншавии сӯзишворӣ: дар Хуҷанд 90 автобус аз ҳаракат монд

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Натиҷаи гароншавии сӯзишворӣ: дар Хуҷанд 90 автобус аз ҳаракат монд


Болоравии бесобиқаи нархи сӯзишвории дизелӣ, сабаби аз ҳаракат боз мондани даҳҳо адад нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд гардидааст. Ҳоло дар маркази вилояти Суғд аз 100 автобуси мавҷуд буда, танҳо 10 тоаш кор мекунад, 90 адади дигар аз ҳаракат боз мондааст

Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари тадбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ» и КВД «Нақлиёти мусофиркашон» и Хуҷанд дар суҳбат вазъи баамаломдаро шарҳ дод.

Ӯ таъкид намуд, ки болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ба ҳолати бе ин ҳам хароби иқтисодии корхонаи онҳо таъсири амиқи манфӣ боқӣ гузоштааст.

«Нархи солярка аз 9 сомонӣ гузашт. Агар ба ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт то бегоҳ маблағи соляркаро надиҳед, пагоҳ саҳар сӯзишворӣ намедиҳанд. Ҳаракати автобусҳо, хароҷоти сӯзишвориро пӯшонида наметавонад, аз ҳамин ҷиҳат ҳаракати 90% и автобусҳо боз дошта шудааст», — гуфт Бобоҷонов.

Ҳоло арзиши сӯзишвории дизелӣ (солярка) назар ба як моҳи қабл то 1, 3 сомонӣ боло рафта ба 9, 3 сомонӣ баробар шудааст.
Болоравии нарх дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ беш аз 35% рақам зада мешавад. Дар моҳи январи соли ҷорӣ арзиши як литр солярка 7 сомонӣ буд. Ба ҳисоби сӯзишвории дизелӣ, нархи бензин ба 10, 3 сомонӣ ва гази моеъ ҳам ба 6, 8 сомонӣ боло рафтааст.

Бобоҷонов мегуяд, болоравии босуръати арзиши сӯзишворӣ ба фаъолияти «Корхонаи мусофиркашонӣ» и Хуҷанд таъсири амиқ расонидааст. Ӯ иброз намуд, ки то ин замон даҳҳо ронанда бо сабаби саривақт пардохт нашудани маош корро тарк намуда ба муҳоҷират рафтаанд.

«Дар ҳар шаҳри ҷаҳон ҳаракати автобус хароҷотбор аст. Аз сабаби набудани маблағи кофӣ таъмири автобусҳо ба иҷро нарасида боқӣ мондааст. Маоши баъзе ронандаҳо ҳам саривақт пардохт карда нашудааст», — изҳор кард Бобоҷонов.

Ин дар ҳолест, ки се сол қабл барои тадбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ» Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба идораи «Нақлиёти мусофиркашон» — и шаҳри Хуҷанд, 26 миллион доллар қарзи даҳсола ҷудо кард. Аз ин ҳисоб 17, 5 миллион доллар қарз ва 8, 5 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт (грант) гуфта мешавад.

Корхонаи «Нақлиёти мусофиркашон» дар Хуҷанд аз ҳисоби ин қарзи бонкӣ дар соли 2018, 100 адад автобусҳои тамғаи «ЛИАЗ 4292» ва «ЛИАЗ 5292» — ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуд.

Корхонаи «Нақлиёти мусофиркашон» — и Хуҷанд, то имрӯз шаш марҳилаи пардохти қарзи хариди автобусҳоро сипарӣ намуда 4, 3 миллион доллар аз 17, 5 миллионро соф кардааст.

Аммо, баъди бештар аз яку ним сол, ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба сабаби гароншавии нархи сӯзишворӣ ба мушкил печидааст ва маълум нест, ки ин вазъ то кай давом хоҳад кард.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.