расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раису муовинонаш бо ҷурми пулситонӣ аз мансаб барканор шуданд

Асосӣ / Ҳаводис

Раису муовинонаш бо ҷурми пулситонӣ аз мансаб барканор шуданд


Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, раиси бахши марзбонии гузаргоҳи «Фотеҳобод» («Ойбек») дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ва муовинонаш аз мансаб барканор шудаанд.

Мақомот ба таври расмӣ масъаларо шарҳ надоданд. Аммо тағйироти кадрӣ дар пайи шикоятҳои пайиҳами мусофирон аз «ҳақситонӣ» дар гузаргоҳ сурат мегирад. Ду ҳафта пеш навори шикваи мусофиронро нашру пахш кард ва даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба он вокунишу ҳамовозӣ намуданд.

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми август гуфт, ҳоло подполковник Боймурод Абдулҳамидов ба ҷойи Олим Сатторов раиси бахши марзбонии гузаргоҳи «Фотеҳобод» таъин шудааст. Ӯ то ин дам раёсати гузаргоҳи «Гулистон» дар Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистонро ба уҳда дошт.

«Тағйироти кадрӣ ҳафтаи гузашта анҷом шуд. Ҳоло раҳбари нав бо ду ноиби худ ба кор шуруъ кардааст», — афзуд манбаъ.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сабаби тағйирот дар «Фотеҳобод», гузаргоҳи муҳим бо Узбекистонро нагуфтаанд. Талошҳои мо низ барои гирифтани шарҳи расмӣ то ин дам натиҷа надод.

Сарчашма: pressa.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.