расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҷамъ омадани муҳоҷирони тоҷик дар назди ҳукумати Панҷакент

Асосӣ / Ҷомеа

Ҷамъ омадани муҳоҷирони тоҷик дар назди ҳукумати Панҷакент


Субҳи имрӯз, даҳҳо нафар мусофироне, ки тариқи гузаргоҳи «Саразм» — «Ҷартеппа» дар минтақаи Панҷакент бояд ба Ӯзбекистон мерафтанду аз ин кишвар ба Русия парвоз мекарданд, дар назди бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷамъ омадаанд. 

Аксари ин мусофирони ҷамъшуда ҳама сокинони шаҳри Панҷакент буда, далели таҷаммуяшон, баста шудани гузаргоҳи мазкур мебошад, ки сар аз шаби 3-юми август тамоман баста шудааст.

Пештар аз ин мусофироне, ки билети парвоз ба Русияро доштанд, метавонистанд аз ин сарҳад гузаранд, вале ба гуфтаи мусофирони бандмонда, аз дирӯз ин ҷониб сарҳадбонон убури марзро барои муҳоҷирон низ иҷозат надодаанд. Дар ҳамин ҳол, марзбонон далели иҷозаи надодани убури марзро низ ба мусофирон нагуфтаанд.

То кунун мақомоти шаҳри панҷакент, далели баста шудани марзро расман шарҳ надодаанд.

Бархе аз мусофирони ҷамъшуда мегӯянд, ки онҳо аз бонк қарз гирифта ба Русия рафтанӣ буданд. 

Баъди чанд соати интизорӣ дар назди ҳукумати шаҳрдории Панҷкенд, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба назди онҳо баромада, ваъда додааст, ки мушкили онҳоро баррасӣ мекунанд.

Ҳоло гуфта мешавад, ки бар пайи баста шудани марз, байни мусофирон ва ширкатҳои чиптафурӯшӣ нофаҳмие ба миён омадааст.
Аз Тоҷикистон,  ҳамарӯза садҳо  нафар тариқи  Ӯзбакистон ба Русия парвоз мекарданд, зеро арзиши чипта  ба маротиб аз Тоҷикистон арзон аст.

Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.