расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Кангурт дар мотам”: даргузашти соҳибкори тоҷик, молики “Алиса” ва тарабхона дар Русия

Асосӣ / Ҷомеа

“Кангурт дар мотам”: даргузашти соҳибкори тоҷик, молики “Алиса” ва тарабхона дар Русия


Зикрулло Шарипов, соҳибкор ва сармоядори шинохтаи тоҷики Русия, ки бо аломатҳои коронавирус дар беморхона дар Душанбе бистарӣ буд, даргузашт. Ӯ 50 сол дошт

Ҳоҷӣ Зикрулло Шарипов, молики тарабхонаи «Старий дуб» ва ширкати «Алиса» дар Русия, ки миёни муҳоҷирон «ёрии таъҷилӣ дар замони коронавирус» унвон гирифтааст, дар шаҳри Душанбе даргузашт. Яке аз наздиконаш дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ то охир иродаи қавӣ дошту умедвор буд, ки ба пой мехезад.

Манбаъ афзуд, Зикрулло Шарипов, чанде қабл барои аёдати модараш ба Ватан омад ва бемор шуд. Модари марҳум санаи 23 июл бандагӣ кард, аммо ба далели бад будани вазъияти Шарипов дар ин бора ба ӯ хабар надоданд.

Расман дар бораи иллати марг чизе гуфта нашудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ аз даргузашти нобаҳангоми узви фаъоли Шӯрои ҷамъятии Сафорат, соҳибкори саховатпеша Шарипов Зикрулло изҳори андуҳ карда, афзудааст, ки марҳум махсусан замони маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳамеша дар кумаки дигар ҳамватанон буд.

Гулчеҳра Холмирзоева, аз наздикони Зикрулло Шарипов изҳор доштааст, ки Ҳоҷӣ Зикрулло барои ҳама бародар буд ва умед дошт, чун падараш, ки ба сад даромада буд, умри дароз бинад.

«Рӯзи рафтанаш хушҳол буд, ки назди модар меравам, каме бемор шудааст. Гуфт падар то синни сад расиду баъд рафт, аз модарам хавотирам. Модари меҳрубонат фарзанди азизашро бо худ бурд. Дидор ба қиёмат додари азизам», — навиштааст Холмирзоева.
Маҳкам Маҳмудзода, собиқ раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон низ изҳор доштааст, ки бо Шарипов зиёда аз 30 сол робитаи дӯстӣ дошт.

«Дирӯз барои дуо ба деҳаи Кангурт рафтам. Ҳама гирён буданд. Ба назарам кӯча мегирист. Хона гирён буд. Деҳа мотам гирифта буд», — тасвир кардааст ҳолро Маҳмудзода.

Ӯ бо изҳори ҳамдардӣ ба ҳамсару фарзандон ва дигар наздикони марҳум, афзудааст, ки Зикрулло Шарипов барои хизматхои арзандааш сазовори пешниҳод ба мукофоти давлатӣ мебошад.

Шарипов, ки дар Русия тиҷораташро ба роҳ монда буд, соҳиби тарабхонаи «Старий дуб» ва мағозаҳо буд. Ширкати «Алиса» — и ӯ, ки аз соли 1992 фаъолият мекунад ба идораи амволи ғайриманқули худию ба иҷорагирифта машғул мебошад, омадааст дар пойгоҳҳои марбути тиҷорат дар Русия.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.