расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Даҳшат!!! Латукӯби модари маъюб [навор]

Асосӣ / Ҷомеа

Даҳшат!!! Латукӯби модари маъюб [навор]


Духтаре модарашро, ки дар аробачаи маъюбӣ нишастааст, баъд аз ҷанҷол бо шапоти ба рӯяш мезанад.

Ин видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст. Дар видеои мазкур шунида мешавад, ки духтар ба хотири кӯмак напурсидан аз ҳокими вилоят ӯро дашному таҳқир карда, аввал аз гиребонаш дошта, як маротиба ситеза мекунад ва баъдан як тарсакӣ, а рӯи модари маъюбаш мезанад. 



Дар ин бора «uznews» навиштааст, ки ҳодиса дар қафои бинои ҳокимияти вилояти Қашқадарё рух додааст. Рӯзе, ки Озода Ҳимматова, сокини маҳаллаи Шайхалӣ, модарашро, ки маъюби гурӯҳи 1 аст, ба бинои ҳукумат оварда, барои сохтмони хонааш кӯмаки пулӣ мепурсад. Муроҷиаткунанда, вақте ҷавоби рад мегирад, сари қаҳру ғазаб ҳамаи дарду алами худро ба сари модари бепушту паноҳаш мерезаду ӯро таҳқир карда, мезанад, омадааст, дар хабар. 

«Барои ин оила аз тарафаи ҳукумат кӯмакпулӣ ва ҳам маводи ғизоӣ ҷамъоҷам 56 миллион сум дода шудааст. Дар баробари ин, аз тарафи ҳокимияти Каршӣ қитъаи замин ҳам ҷудо карда шуда, 28 миллион сум барои сохтмони хонаи онҳо ҷудо гардидааст», мегӯяд манбаъ.

Сарчашма: ​oila.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.