расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУАЛЛИМА ШОҲОНА: ПИСАРИ 10-СОЛААМРО ТАҶОВУЗ КАРДАНД. КАСЕ БА ДОДАМ НАМЕРАСАД! (ВИДЕО)

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

МУАЛЛИМА ШОҲОНА: ПИСАРИ 10-СОЛААМРО ТАҶОВУЗ КАРДАНД. КАСЕ БА ДОДАМ НАМЕРАСАД! (ВИДЕО)


Шоҳона Саидалиева, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мебошад. Ӯ Соҳиби 2 фарзанди ноболиғ буда, онҳоро ба танҳоӣ нигоҳубин мекунад.

Тибқи маълумоти ироагардидааш вазниниҳои зиёдеро паси сар кардаасту мардонавор мубориза мебарад. Имрӯз ба идораи сомонаи "Оила" ташриф оварданаш на ба хотири бехонагиву бесарпаноҳиаш аст, балки мушкилие, ки ҳеҷ дар хаёлаш набуд, ки ба сари хонаводааш меояд. Писарбачаи 10 солаи ин модари танҳо дар рӯзи равшан аз тарафи ҷавони 23 сола мавриди зӯроварии ҷинст қарор гирифтааст. 

Аз нақли ин модари танҳо аз ин ҳодиса замоне огоҳ шуд, ки фарзандаш дар шаби хоб бо овози баланд "ака накун, ака накун, дард мекунад", мегуфт. Вақте аз писараш илтиҷо мекунад, ки ҳодисаро нақл кунад, вале ӯ бо тарс мегӯяд, ки агар гӯям калаи ҳардуямонро мегирад. Ҳини нақли модар ҳолати рӯҳии кӯдак хеле бад шуду ларза тамоми вуҷудашро фаро гирифт ва мавзеи дилашро дошту гиря кард, ки "очаҷон дилам дард дорад". 



Тибқи риояи меъёрҳои ахлоқӣ чеҳраи писарбачаро наметавонем, ошкор намоем, вале ҳодисаро худи ноболиғ чунин шарҳ дод:

Солҳои охир дар ҷомеаи мо чунин ҳодисаҳо зиёд ба назар мерасаду расонаӣ мегардад. Баъд аз ҳодисаи ба сари Руфейда Иноятоваи 8 сола, сокини ноҳияи Рӯдакиомода, ки ӯ низ аввал мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор гирифта ва баъдан ваҳшиёна кушта шуд, Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дастур дод, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст. 

Шоҳона Сулаймонова низ бо ин умед ба идораи мо омад ва бовар дорад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати тақдири писарбачаи 10 солааш бетараф нахоҳанд буд.

 Сарчашма: ​oila.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.