расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти се гурӯҳи паҳнкунандагони маводи нашъаовари синтетикӣ дар Душанбе

Асосӣ / Ҳаводис

Боздошти се гурӯҳи паҳнкунандагони маводи нашъаовари синтетикӣ дар Душанбе


з ҷониби кормандони Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавриди ошкор ва боздошти нашъаҷаллобон дар қаламрави пойтахт як қатор амалиёи муваффақона гузаронида шуд.

"Дар ҷараёни амалиёт ду сокини Душанбе — Абдулло Сафарови 26-сола ва Абӯбакри Абдулмумини 29-сола боздошт шуданд, ки тариқи ҳавопаймо аз хориҷа 760 дона ҳаби экстази овардаанд. Ҳабҳои нашъаовар дар дохили ҳавосардкунак (кондитсионер)-и автомашина пинҳон шуда буданд", — хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсат.

Гуфта мешавад, маводи нашъаоварро онҳо аз шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммад Шамсов гирифтаанд, ки дар хориҷа қарор дошта, ВКД Тоҷикистон тариқи Интерпол ӯро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кардааст.

Кормандони милитсия инчунин аз рӯйи далели фурӯши маводи нашъавори синтетикӣ сокини Душанбе Фаррух Ҷалоловро дастгир кардаанд, ки аз ӯ 123 дона ҳаби экстази дарёфт шудааст. Зимни кофтукови хонаи Ҷалолов 345 грамм метамфетамин низ ошкор шудааст.

»Маводи нашъаоварро ба ӯ аз хориҷи кишвар шаҳрванди Тоҷикистон Вайсиддин Ғуломов интиқол медодааст, ки ӯ ҳам таҳти ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дорад.

Ҳамчунин кормандони милитсияи пойтахт ба гумони нигаҳдорӣ ва паҳнкунии маводи мухаддир сокини ноҳияи Восеъ Баҳодурхон Сафаров ва ҳаммаслакони ӯ — аъзои як оила Нахтулло ва Алихон Шариповҳо ва Фирӯз Наимовро боздошт намуда, аз онҳо 182 грамм метамфетамин мусодира шудааст.

Маблағи умумии маводи нашъаовари мусодирашуда ҳудуди 1 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, дар қаламрави маҳаллаи Гипрозем барои истеъмоли маводи нашъаовар 20 нафар ҷавонони сокини пойтахт боздошт шудаанд. Ҳар кадоме аз онҳо барои риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ ба муҳлати 19 рӯзи ҳабси маъмурӣ ҷазо гирифтаанд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.