расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Мансабдорони Тоҷикистону Русия гуфтанд, ки нафақаи муҳоҷиронро «ҳал карданд», аммо чӣ гуна? ВИДЕО

Асосӣ / Муҳоҷир

Мансабдорони Тоҷикистону Русия гуфтанд, ки нафақаи муҳоҷиронро «ҳал карданд», аммо чӣ гуна? ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки созишномаро дар бораи нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия то охири имсол қабул мекунанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, 28-уми июл гуфт, созишнома дар бораи нафақаи муҳоҷирон яке аз санадҳое аст, ки то поёни сол миёни Душанбеву Маскав имзо хоҳад шуд. Вале ӯ ба суолҳои батакрори хабарнигорон дар бораи ҷузъиёти он маълумот надорад.

Ҳафтаи гузашта Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҳам гуфта буд, ки созишнома дар бораи пардохти нафақа миёни Тоҷикистону Русия ниҳоӣ шудааст.

Сарвазири Русия, Михаил Мишустин, рӯзи 27-уми июл ба Вазорати меҳнат ва Вазорати корҳои хориҷии он кишвар дастур додааст, ки дар масъалаи созишномаи таъмини нафақаи муҳоҷирон бо мақомоти Тоҷикистон гуфтушунид кунанд.

Ҷузъиёти созишнома ва гуфтугӯи Тоҷикистону Русия дар бораи таъмини нафақаи муҳоҷирон рӯшан нест. Дар назар аст, ҳар ду ҷониб нафақапулиро барои муҳоҷирон вобаста ба андоз ё молиёти иҷтимоие, ки дар давоми солҳои корӣ дар ин кишварҳо супоридаанд, таъин хоҳанд кард.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар сохтмону бозорҳои Русия кор карда, оилаи худро таъмин мекунанд, вале ҳамеша аз он нигаронанд, ки дар айёми пирӣ аз нафақа маҳрум хоҳанд шуд.

Дар Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар кишвар расман кор накардаанд, ба миқдори 187 сомонӣ нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, ки ба қавли сокинон барои рӯзгузаронӣ кофӣ нест.

Пештар мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ҳаққи бознишастагии муҳоҷиронро бояд Русия бидиҳад, чун онҳо дар он кишвар кор мекунанд ва молиёт месупоранд.

Дар Русия ба ин фикр буданд, ки муҳоҷирон аз он кишвар ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар мефиристанд ва он бахши муҳими иқтисоди кишвар асту бояд давлат дар пирӣ ғами шаҳрвандонашро бихӯрад.

Ҳоло маълум нест, ду ҷониб ин баҳсро чӣ гуна ҳаллу ниҳоӣ кардаанд.

Сарчашма: ozodi.org

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.