расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Куштори ваҳшиёнаи 100 нафар, дасти Толибон аст?

Асосӣ / Ҳаводис

Куштори ваҳшиёнаи 100 нафар, дасти Толибон аст?


Дар Қандаҳор 100 сокини маҳаллӣ кушта шуд: Толибон мегӯянд, ин кори дасти онҳо нест.

Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Толибон* ин амали даҳшатборро бо амри хоҷагони худ аз Покистон анҷом доданд.

Гурӯҳи силоҳбадастони номаълум дар ноҳияи Спин — Болдаки музофоти Қандаҳор беш аз 100 сокини маҳаллиро ба қатл расонданд, хабар медиҳад Tolo News.

Ба иттилои манбаъ, кушта шудани сокинони маҳаллӣ пас аз он сар зад, ки ин минтақаро Толибон* забт карданд.
Ҳукумати Афғонистон ин ҳамлаи даҳшатборро кори дасти Толибон* медонад ва мегӯяд, қатли сокинони осоишта бо амри хоҷагони онҳо аз Покистон сурат гирифт.

«Террористҳои қотил бо амри хоҷагони худ аз Панҷоб (Покистон) ба манзили сокинони осоишта дар Спин — Болдак ҳуҷум намуда, хонаҳои онҳоро валангору соҳибонро ваҳшиёна ба қатл расонданд», — изҳор доштааст намояндаи Вазорати умури дохилаи Афғонистон Мирвайс Станекзай.

Қатли ин мардуми бегуноҳро Толибон* ба души худ нагирифтанд ва онро қатъиян рад мекунанд.

Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар зидди шаҳрҳои калон ҳуҷум кардаанд, муқовимат идома дорад.

Агар ин кори Толибон нест, пас кӣ ин амали зиштро анҷом дода? Кӣ боз буда метавонад ҷуз Толибу ДИИШ ва ҳаракатҳои гуногуни террорист, ки шомили Толибон ҳастанд?!

Сарчашма: pressa.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.