расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эълони қатъи обрасонӣ дар шаҳри Душанбе: кадом маҳаллаҳо ва то кай беоб мемонанд

Асосӣ / Ҷомеа

Эълони қатъи обрасонӣ дар шаҳри Душанбе: кадом маҳаллаҳо ва то кай беоб мемонанд


Дар Душанбе, бо сабаби корҳои таъмирӣ, обрасонӣ муваққатан қатъ мешавад ва сокинонро зарур аст барои як шабонарӯз об захира кунанд

Интиқоли обрасонӣ барои сокинони шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд мешавад, хабар медиҳад шаҳрдорӣ.

Шаҳрдорӣ мақсади маҳдудкунии обрасониро, гузаронидани корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии таҷҳизоти «Силсила нерӯгоҳҳои барқӣ обии Варзоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» гуфтааст.

Ин корхонаҳо бояд ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2021-2022 омода шаванд.

«Ҳамин тавр, обрасонӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии „Фишорӣ“ ва „Худҷореъ“ 23 июли соли 2021, аз соати 01:00 то соати 24:00 қатъ мешавад», — омадааст дар эълони шаҳрдорӣ.

Кадом маҳаллаҳо дар ноҳияи Сино беоб мемонанд

Тибқи эълони шаҳрдорӣ дар ноҳияи Сино маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз», кӯчаи Варзишгарон барои як шабонарӯз беоб мемонанд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Сино — маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор, кӯчаи Бобо Ҳамдам, Бунгоҳи гармитақсимкунии-2 дар маҳаллаи 83 низ, муваққатан аз об маҳрум мешаванд.

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Дар ин ноҳия ба сокинони хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Самад Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Шевченко, Шероз, Саид Носир, Шотемур, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдулло Командир, Маҳмадулло Холов, Лоиқ Шералӣ, Ғанӣ Абдулло, Азизбеков, Фазлиддин Шаҳобов, Лев Толстой, Мирсаид Миршакар, Ҳофизи Шерозӣ, Пушкин ва Теҳрон обрасонӣ қатъ мешавад.

Инчунин аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Исомиддин Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қурбон Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, Умари Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пӯлод Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Умари Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ), инчунин Боғи Садриддин Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ, Бунгоҳи гармитақсимкунии-1 дар кӯчаи Саид Носиров, шаҳрчаи тандурустӣ беоб мемонанд.

Ноҳияи Шоҳмансур

Сокинони маҳаллаҳои Нисор Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1, 2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва Садриддин Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 бояд барои як шабонарӯз об захира кунанд.

Ноҳияи Фирдавсӣ

Дар ноҳияи Фирдавсӣ — ба сокинони кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Неъмат Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва директори корхонаи «Обу корези Душанбе» муваззаф гардиданд, ки дар ин давра бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.