расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Идигул Қосимзода даргузашт. Манбаъ: "Аз COVID ранҷ мекашид". Сабаби расмии фавт эълон нашуд

Асосӣ / Ҷомеа

Идигул Қосимзода даргузашт. Манбаъ: "Аз COVID ранҷ мекашид". Сабаби расмии фавт эълон нашуд


Идигул Қосимзода, вакили порлумони Тоҷикистон ва раиси собиқи Кумитаи кор бо занон, рӯзи 22-юми июл даргузашт. Ӯ 53 сол дошт.
Баъзе аз ҳамкорони собиқаш ба Озодӣ гуфтанд, Қосимзода тайи чанд рӯзи охир бо нишонаҳои монанд ба бемории ҳамагир дар шифохонаи «Советский 1» дар Душанбе бистарӣ буд.

Як масъули Маркази тиббии рақами яки шаҳри Душанбе, маъруф ба «Советский 1», рӯзи 22-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, «Идигул Қосимзода гирифтори коронавирус шуда буд ва чаҳор рӯз пеш ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд.»

«Дар аввал дар шароити хона табобат гирифта, ба беморхона рафтанро қабул накардааст. Баъдан, ки ҳолаш вазнин шуд, ба беморхона оварданд. Дар зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузоштем. Хеле талош кардем, аммо наҷот дода натавонистем. Вирус шушашонро тамом карда буд», — афзуд мусоҳиби мо бо шарти зикр нашудани номаш.

Ин пизишк ҳамчунин гуфт, ҷасади Идигул Қосимзодаро аз беморхона гирифта, ба зодгоҳаш ноҳияи Вахш бурдаанд. Қосимзода дар баробари дигар вакилони Маҷлиси намояндагон, ваксинаи зидди COVID-19 гирифта буд.

Сабаби расмии марги ӯ то ҳанӯз эълон нашудааст.

Идигул Қосимзода аз моҳи марти соли 2020 узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон буд. Аз он пеш, тақрибан чаҳор сол, дар мансаби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, фаъолият дошт.

Дар замони раҳбарии ӯ номи Кумитаи занон дар робита бо тасмиму чораҳои мухталиф ва гоҳе баҳсбарангез бисёр расонаӣ шудааст. Яке аз ин танқидҳо ба ташкили амалиёти «фаҳмондадиҳӣ ба занон» дар бораи «фарҳанги либоспӯшии миллӣ» рабт дошт.

Қосимзода моҳи январи соли 2020 дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки ӯ «тарғиби фарҳанги миллии либоспӯширо ҳадаф қарор дода» буд.
«Дар тӯли се сол аксарият нафаҳмиданд. Соли чорум баъд гуфтанд, ки раиси Кумитаи кор бо занон намегӯяд, ки Шумо дигару дигар пӯшед, танҳо талқин дорад, ки тоҷикона пӯшед», — афзуда буд ӯ.

Сарчашма: ozodi.org

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.