расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Афзоиши маргу гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон

Асосӣ / Ҷомеа

Афзоиши маргу гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон


Дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон, боз ду бемори вируси корона ҷон аз даст дод

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард.

Дар Тоҷикистон афзоиши якбораи вируси корона ба қайд гирифта шуд: дар як рӯз 51 ҳолати нав ошкор карда шуд. Аз оғози мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар,тайи ду рӯзи ахир нишондиҳандаҳои болотарини шумораи гирифторон сабт мешавад.

«Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 43 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд», — омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Бо илова шудани ду ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин дард ба 114 нафар баробар шуд.
Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14228 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 801 бемор комилан сиҳат ёфтаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштиро қатъиян риоя намоянд.

Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 — сола болоро ҷорӣ кард.

Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи эмгузаронӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.