расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Карантин ва ваксинзании сартосарӣ: дастури Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ аз вируси корона

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Карантин ва ваксинзании сартосарӣ: дастури Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ аз вируси корона


Сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе муваззаф шуданд, ки ашхоси аз хориҷа ба Тоҷикистон воридшударо карантин кунанд

Дар шаҳри Душанбе талаботҳои нав барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона ҷорӣ мешаванд.

Ҳамин тавр, сохторҳои тандурустии шаҳр, вазифадор гардиданд, ки маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳрро бар зиддӣ COVID-19 пурзӯр намуда барои таъминоти беморхонаҳо бо дору тадбирҳои муассир андешанд.

«Ҷиҳати аз ташхис гузаронидан ва ба карантин фаро гирифтани шахсоне, ки аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, чораҳои амалӣ андешида, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маводҳои безараргардониву беҳдоштиро афзун намоянд», — дастур додааст Рустами Эмомалӣ.

Ин дасуру супоришҳоро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ 23 июн дар ҷаласаи корӣ ироа кардааст.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони сохтору ниҳодҳои дахлдор дастур додааст, ки хона ба хона гашта дар муассисаҳои томактабӣ, тандурустӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, театр, кинотеатр, марказҳои савдо, бозорҳои истеъмолӣ, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷаъмиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

«Ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо чораҳои қатъиро амалӣ намуда, баҳри риояи меъёрҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва чораҳои безараргардонӣ тадбирҳои судманд андешанд».

Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки аз роҳбароини тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ риояи меъёрҳои беҳдоштиро қатъиян назорат намоянд.
Дар ин росто, бо супориши Рустами Эмомалӣ барои иҷрои ин супоришҳо, дар назди Раёсати тандурустии шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ, рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дубораи COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ теъдоди гирифторони ин вабои аср дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Ҳамин тавр, давоми се рӯз дар Тоҷикистон 50 нафар гирифтори вируси корона шудааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.