расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » КДАМ дар бораи ҳамлаи "Толибон" ва фирори беш аз 100 низомии афғон ба Тоҷикистон

Асосӣ / Сиёсат

КДАМ дар бораи ҳамлаи "Толибон" ва фирори беш аз 100 низомии афғон ба Тоҷикистон


КДАМ Тоҷикистон аз паноҳҷӯии низомиёни Афғонистон дар Тоҷикистон хабар дод

Бино ба гузориши КДАМ, ҳодиса рӯзи душанбе, 21 июн, соати 19:00 рух додааст. Гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон»* (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба Комиссариати сарҳадии «Шерхон-Бандар"-и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд, омадааст дар изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар изҳороти КДАМ гуфта мешавад, ки дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00–и рӯзи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС «Панҷ» сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд.

КДАМ мегӯяд, сарҳадбонони тоҷик маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд.

«Дар миёни ҳарбиёни ҶИА 4 нафар маҷрӯҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дорад», — омадааст дар хабарнома.

КДАМ меафзояд, ки вазъият дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи мазкур мураккаб арзёбӣ гардида, теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбии афғон, ки аз дасти «Толибон» дар Шерхон-Бандар захмиву кушта ё асир афтодаанд, то 100 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти тасдиқшуда, даҳ рӯзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати «Толибон» идома дорад.

Манбаъ афзуда, ки дар натиҷа вулусволиҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ — «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти «Толибон» гузаштаанд.
* Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон)

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.