Путин гуфт, кай сафар ба Русия ва ба кишварҳои хориҷ озодтар мешавад

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, кай равуо ба Русия ва аз Русия ба дигар кишварҳои хориҷ осонтар мешавад
Ба гуфти Владимир Путин шаҳрвандони Русия зимни эм шудани 60 дарсади аҳолии кишвар метавонанд бемамоният ба дигар кишварҳо сафар кунанд.
Ба андешаи кишвардор ин рухдод ба моҳи сентябри соли ҷорӣ рост хоҳад омад.
Ин нуктаро Владимир Путин зимни суҳбат бо сармуҳаррирони оҷонсиҳои байналмилалӣ дар доираи Ҳамоиши иқтисодӣ дар Петербург зикр кард.
«Пас аз он, дар бораи дастрасии васеътар ба қаламрави мо сӯҳбат кардан имконпазир хоҳад шуд ва шаҳрвандони мо низ метавонанд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ озодтар сафар кунанд», — гуфт Путин.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan