расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Садама дар Муминобод аз як оила 6 касро кушт

Асосӣ / Ҳаводис

Садама дар Муминобод аз як оила 6 касро кушт


Рӯзи 22 май бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Кӯлоб — Мӯъминобод 6 узви як хонавода аз деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод ҷон бохтаанд.

«Модари дар қалб ҳазорҳо орзудошта бо ду писару як духтараш ва келину набераи 7-солааш, ки дар айёми ҷавонӣ буданду аз дунё чизе надида буданд, мехостанд дар тӯйи яке аз ақрабояшон иштирок намоянд, вале мутаассифона марг нагузошт ва дар роҳ мошини онҳо бо мошини боркаш (камаз) бар хӯрда, ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд. Акнун аз ин оилаи бузург ҳамагӣ як писар боқӣ монд. Бисёр талх ва аламовар буд, ҳангоми дидани 6 тобут дар як ҳавлӣ…» — навиштааст Зафар Шарифзода дар саҳифаи Фейсбуки худ

Сарчашма: pressa.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.