расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Созишро иҷро накарданд”: чаро парвозҳои ду ширкати ҳавонавардӣ манъ шуд?

Асосӣ / Сиёсат / Муҳоҷир

“Созишро иҷро накарданд”: чаро парвозҳои ду ширкати ҳавонавардӣ манъ шуд?


Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ширкатҳои «Сибир» ва «Северний ветер» — ро, ки нархҳои қаблан мувофиқашударо риоя накарданд, манъ кард. Аммо ин ниҳод мегӯяд, Тоҷикистон беш аз ҳар вақт дар роҳандозии парвозҳо ба Русия манфиатдор аст

Икром Субҳонзода, директори Агентӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ширкатҳо, тибқи созиш, мувофиқаи пештар расидаи ҷонибҳо риоя накарда, нархи чиптаро баланд бардоштанд ва дар пайи ин даҳҳо мусофир ба мақомот аз нархҳои баланд шикоят оварданд.

«Онҳоро даъват намуда, огоҳ карда будем, ки дар муҳлати се рӯз қиматҳоро поён оранд, дар акси ҳол, парвозҳои шуморо қатъ хоҳем кард. Онҳо протоколро имзо намуда, ваъда супурданд, ки нархҳоро поён хоҳанд овард, аммо наоварданд. Ин талошҳои мо ҳам сирфан ба он хотир буд, ки манфиатҳои мусофирин ба назар гирифта шавад, аммо ширкатҳо манфиати хешро пеш гузоштанд».

Қаблан Агентии авиатсияи авиатсияи гражданӣ бо чор ширкати ҳавонавардии Русия — «Уралские авиалинии», «Ютэйр», «Сибир» ва «Северний ветер» ба мувофиқа расида буд, ки нархҳо набояд аз 8 ҳазору 500 сомонӣ сари чипта зиёд бошанд. Аммо аксари мусофирон мегӯянд, як чиптаро ба беш аз 8 ҳазору 500 сомонӣ дарёфт кардаанд.

Ба қавли онҳо, қиматҳо то 15 ҳазор сомонӣ боло рафтанд, дар ҳоле ки ширкатҳо мегӯянд, чиптаҳо то ду моҳи дигар батамом фурӯхта шудаанд.

Оё ин нархҳо то куҷо воқеият доранд? Фоидаи ҳангуфт


Як манбаъи огоҳ аз бозори ҳамлу нақли мусофирин, ки нахост номаш зикр шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ширкатҳо дар ҳоли ҳозир аз ҳар парвоз то 100 ҳазор доллари амрикоӣ фоида мегиранд.

«Агар як тайёра ба як парвоз 200 нафарро бо қимати миёнаи 800 доллар интиқол диҳад, адади 160 ҳазор доллар ҳосил мешавад, ки ширкат аз ин пул дар Тоҷикистону Русия 25-ҳазордолларӣ хароҷоти фурудгоҳ, 1 ҳазор доллар ҳаққи хизмати аэронавигатсия, 9 ҳазор барои харҷҳои маъмурӣ ва 20 ҳазори дигарро барои соати парвозу сӯзишворӣ пардохт мекунад. Бақия 80 ҳазор доллар фоидаи софи онҳост. Ин арқом ҳудудӣ ҳастанд ва арқоми дақиқтарин аз онҳо кам ҳастанд, ки беш не», — гуфт ин манбаъ.

Вай афзуд, ҳамон 500 доллар маблағи рафтуомаде, ки қаблан аз сӯи мақомоти Тоҷикистон муқаррар шуда буд, низ барои ширкатҳо фоидаи хубу одилонаро пешбинӣ мекунад. Бипаред, аммо бо инсоф Дар ҳамин ҳол, замоне, ки дар Тоҷикистон ҳазорон нафар барои парвоз ба Русия талабгоранд ва мехоҳанд ҳар чӣ зуд сафар кунанд, бо коҳиш ёфтани парвозҳо оё осеб нахоҳанд дид?

Директори Агентии авиатсияи авиатсияи гражданӣ мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар омода аст, ки ба ширкатҳои Русия иҷозаи парвоз диҳад, аммо ширкатҳо бояд эътидоли худро донанд. «Қабл аз ҳама онҳо бояд манфиати мусофирони худро фикр кунанд ва нархҳои ғайривоқеиро барои чиптаҳо нагузоранд.

»Сибир« ва „Северний ветер“ агар адлу инсофро пеша намуда, қимати чиптаҳояшонро бино ба созиши ҷонибҳо муқаррар кунанд, метавонанд дигарбора ба фаъолият шуруъ кунанд», — гуфт Икром Субҳонзода.

Қаблан дар масирҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия чор ширкати ҳавонавардии Русия — «Уралские авиалинии», «Ютэйр», «Сибир» ва «Северний ветер» парвозҳои чартерӣ анҷом медоданд. Бино ба иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, дирӯз, «Азур эйр», як ширкати дигари Русия, иҷозаи парвозро ба даст овардааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • JerroldVax | Гости

    Прогон вашего сайта или обьявления по статьям, комментариям, форумам! Прогон сайта по профилям! Прогон обьявления по комментариям! Прогон сайта по форумам! Прогон обьявления по форумам! Рост ИКС! Рост позиций по ВЧ, СЧ, НЧ и даже по коммерческим запросам на десятки страниц. Заказы исполняюся аккуратно! Наш сайт: progonx.ru Почта для вопросов: Progon-x@yandex.ru Необходимость рукопашного боя для выживания https://surviveclub.ru/archives/1036

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.