расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошт гардидани марди 36-сола бо ҷурми дуздӣ

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Боздошт гардидани марди 36-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз замини хоҷагии деҳқонии бо номи "Анас", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, таҷҳизоти баланд кардани шиддати барқ (стабилизатор), таҷҳизоти бо сӯзишворӣ қувваи барқдиҳанда (движок), 30-метр шланги резинӣ ва 3-адад оҳани дарозшакли 6-метраро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 150-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.