расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон 23 генералу полковникро дар ВКД таъйин кард: ном ба ном

Асосӣ / Президент / Сиёсат / Ҷомеа

Эмомалӣ Раҳмон 23 генералу полковникро дар ВКД таъйин кард: ном ба ном

Дар Тоҷикистон дар баробари тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ВКД низ тағйироти бузург амалӣ шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 23 генералу полковникро таъйин кард, хабар медиҳад ВКД.
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.
Аз он ҷумла:
  • генерал-майори милитсия Муҳаммадизода Муҳаммадӣ Толиб ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм ба вазифаи сардори Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
  • полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • полковники милитсия Сафарзода Эмомалӣ Сафар ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • полковники милитсия Абдуллозода Самариддин Абдулло ба вазифаи сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр;
  • полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе;
  • полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи РВКДН;
  • полковники милитсия Назарзода Икромҷон Ҳурматулло ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Роғун;
  • полковники милитсия Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон;
  • полковники милитсия Нурализода Суҳроб Ғулом ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон;
  • полковники милитсия Солизода Абдувоҳид Орифҷон ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд;
  • полковники милитсия Шонадирзода Шоҳусайн Шонадир ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш;
  • подполковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд;
  • подполковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ;
  • подполковники милитсия Имомбердизода Гулбек Худомун ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ;
  • подполковники милитсия Қосимзода Муҳаммадӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд;
  • подполковники милитсия Идизода Баҳодур Холиқназар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;
  • полполковники милитсия Муродов Вафоҷон Бобохонович ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд;
  • подполковники милитсия Абдуллозода Асомуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
  • подполковники милитсия Раҳимзода Зафар Иброҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон;
  • майори милитсия Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳринав.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таваҷҷӯҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи ҳамагуна қонуншиканӣ, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намудааст.
Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯш доштаашон бароянд.
Дар мулоқот инчунин аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20210310/1032979188/Ramon-23-generalu-polkovnikro-dar-VKD-tayin-kard.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.