расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8550 нафар расид

Асосӣ / Ҷомеа

COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8550 нафар расид

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 30 август шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8550 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7341 ё худ 85,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 68 нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд.
«Шабонарӯзи охир 86 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.