расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ВИДЕОИ АЗ СӮИ МОДАРАШ БА ДОР КАШИДАНИ КӮДАК ДАР ПАНҶАКЕНТ СОХТАКОРӢ БУДААСТ (2 ВИДЕО)

Асосӣ / Ҷомеа

ВИДЕОИ АЗ СӮИ МОДАРАШ БА ДОР КАШИДАНИ КӮДАК ДАР ПАНҶАКЕНТ СОХТАКОРӢ БУДААСТ (2 ВИДЕО)


Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент видеои нашршуда дар Интернетро, ки дар он як зани сокини Панҷакент гӯё фарзандашро ба дор меовезад, сохтакорӣ номидааст. Хабарнигори муқими Панҷакент Шоҳин Облоқулзода аз қавли раиси шаҳр хабар дод, ки соли 2019 як хонум ба хотири ин ки шавҳараш аз муҳоҷират баргашта, дубора бо ӯ зиндагӣ кунад, чунин саҳнасозӣ карда, ба шавҳараш фиристодааст.
Дар як видеои нав бибии ин кӯдак нақл кард, ки модари кӯдак моҳи ноябри соли 2019 бо мақсади баргардонидани шавҳараш ин видеоро сохтакорӣ кардааст, вале набераи ӯ сиҳату саломат, дар пеши онҳост. Дар ин видео бибӣ ҳамроҳи ин кӯдак, ки дар видео "ба дор кашида шуда буд”, суҳбат мекунад.
Видеои ба дор кашидани кӯдак чанд рӯз пеш дар Интернет пайдо шуд ва мавҷи вокунишҳои хашмгирона ва маҳкумиятро ба бор овард.
Ду шабонаруз аст,ки бовар кунед хобам намебарад,баъди дидани ин наворҳою саволу ҷаби телефонҳо ,ки оё ин ҳодиса рост аст?
Ба диққати корбарону масъулини ин сайтҳо ҳама ин ахбор дурӯг будааст. Ин навор назар ба гуфтаи раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода дар соли 2019 аз ҷониби хонуме ки номаш пинҳон дошта шуд бо лиҳози сохтакорона ,ки шавҳараш аз муҳоҷират баргардад наворбардоӣ шудааст.
Барандаи ин сайт ҳар он чӣ гуфтанд ман шахсан бо ашки дил қабул кардаму баъд аз он факт чекинг кардам,ки дурӯғе беш набудааст!
 


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.