Нишонаи эҳтиром ё..? Таъзимкунии аъзои ҳукумат ҳангоми адои савганд ба президент Эмомалӣ Раҳмон (27 АКС)
Рӯзи 15 декабр дар Қасри миллат бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба президент баргузор гардид. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент “аъзои Ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд.”Дар аксҳои нашркардаи хадамоти матбуоти президент дида мешавад, ки аксари аъзои ҳукумат баъди адои савганд ҳангоми гирифтани тасдиқнома дар назди Эмомалӣ Раҳмон таъзим мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки 68 сол дорад ва аз соли 1992, инак 28 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, бо касби беш аз 90 дарсади овозҳо дар интихоботи президентии рӯзи 11 октябр замони раёсати худро то 7 соли дигар тамдид кард. Бар асоси қонун, баъди шурӯи давраи нави раёсат ӯ ҳукумати қаблиро ба истеъфо фиристод ва ҳукумати нав ташкил кард. Дар ҳукумати нави Эмомалӣ Раҳмон аксариятро, аз ҷумла дар вазоратҳои калидӣ, аъзои ҳукумати қаблии ӯ ташкил медиҳанд.
Таҳлилгарон дар назди президент сари таъзим фуруд овардани вазиронро аломати тақвияти сиёсати шахспарастӣ дар Тоҷикистон ва баёнгари асли садоқати шахсӣ дар сиёсати кадрии ҳукумати имрӯза мешуморанд. Тарафдорони ҳукумат инро аломати изҳори эҳтиром аз ҷониби вазирон ба шахси президент, ки ба онҳо чунин вазифаи баландро бовар кардааст, меноманд.