расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Салоҳуддин Раббонӣ аз як мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе хабар дод

Асосӣ / Сиёсат

Салоҳуддин Раббонӣ аз як мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе хабар дод

Вале Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот хабаре нашр накардааст.

акси бойгонӣ
Сурат: dailies.gov.af
Салоҳуддин Раббонӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Афғонистон ва раиси ҳизби Ҷамъияти исломии ин кишвар аз як мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик хабар додааст. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон аз ҳеч гуна мулоқоти Эмомалӣ Рамон бо ин чеҳраи сиёсии Афғонистон хабар нашр накардааст.
Салоҳуддин Раббонӣ дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, ки дар ҷараёни сафаре, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доштам, бо мақомоти мухталифи ин кишвар, машмули ҷалолатмаъоб раисҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ сурат гирифт.
“Дар дидоре, ки бо ҷалолатмаъоб Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон доштам, бо ибрози итминон аз меҳмоннавозии самимона ва бародаронаашон интихоби муҷаддадашонро табрик гуфтам”.
Раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон ҳамчунин навиштааст, ки “дар ин дидор перомуни равобити Афғонистону Тоҷикистон, авзои сиёсиву амниятии Афғонистону минтақа ва ҳамчунон раванди гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон суҳбат намудем. Ҳамчунон дидгоҳҳои Ҷамъияти исломӣ дар перомуни гуфтугӯҳои сулҳ ва масоили минтақа мавриди баҳс қарор гирифт”.
Раббонӣ ҳамчунин аз як дидори ҷудогонаш бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ хабар додааст. Аммо дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз ин мулоқот хабаре надодааст.
Вазири пешини корҳои хориҷии Афғонистон ҳамчунин дар ин навиштааш гуфтааст, ки бо шуморе аз мақомоти дигари Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ доштааст.
Аммо мақомҳо ва расонаҳои расмии Тоҷикистон дар бораи ҳузури Салоҳуддин Рабонӣ дар Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯҳояш бо раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  то кунун иттилои расмие нашр накардаанд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.