расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Парлумони Тоҷикистон Буҷети давлатии соли 2021-ро қабул кард

Асосӣ / Иқтисодиёт

Парлумони Тоҷикистон Буҷети давлатии соли 2021-ро қабул кард

Наздики нисфи маблағҳои буҷет ба соҳаи иҷтимоӣ равона мегардад, аз ҷумла беш аз 5,6 млрд сомонӣ ба соҳаи маориф.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода
Сурат: gdb.rferl.org
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 18 ноябр лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро қабул намуд.
Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2021 ба маблағи 27,6 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст, дар муқоиса бо буҷети соли ҷорӣ 1,6 млрд сомонӣ ё худ ба андозаи 6,1% зиёдтар аст.

Афзоиши даромади буҷетро ӯ дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, зиёд кардани ҷамъоварии андозҳои асосӣ (ААИ, аксиз, андоз аз даромад), инчунин таъмини афзоиши воқеии иқтисод ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.
Даромадҳо аз пардохти андоз ба маблағи 18,8 млрд сомонӣ муқаррар шудаанд, ки зиёда аз 68% аз ҳаҷми умумии даромади буҷетро ташкил медиҳад. Даромадҳои ғайриандозӣ дар ҳаҷми 1,4 млрд сомонӣ ва грантҳо - 300 млн сомонӣ пешбинӣ шудаанд.
Хароҷоти буҷет барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети имсолаи тасдиқшуда 1,7 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.
Хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ ба маблағи 13,2 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 47% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет баробар аст.
Аз ҷумла, соли оянда аз буҷет ба соҳаи маориф ҷудо гардидани беш аз 5,6 млрд сомонӣ (афзоиш нисбат ба буҷети имсола - 592 млн сомонӣ), тандурустӣ - 2,3 млрд сомонӣ (афзоиш - 509 млн сомонӣ), бахши ҳифзи иҷтимоӣ - 4,2 млрд сомонӣ (афзоиш - 262 млн сомонӣ), соҳаи маориф ва варзиш - 1,1 млрд сомонӣ (афзоиш- 70 млн сомонӣ) пешбинӣ шудааст.
Маблағгузории буҷетӣ ба Хоҷагии манзилию коммуналӣ 1,3 млрд сомонӣ, комплекси сӯзишворӣ ва энергетика - 3,8 млрд сомониро ташкил дода, аз ҷумла ба мисли соли пешин 1,2 млрд сомонӣ ба идомаи сохтмони неругоҳи Роғун равона мегардад.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатӣ яке аз санадҳоест, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бе тасдиқи аъзои палатаи болоии парлумон барои имзо ба президент пешниҳод мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.