Фармони аввал. Эмомалӣ Раҳмон 378 нафар маҳкумшударо бахшид
Ҳоло маълум нест, ки киҳо шомили ин нафарони бахшидашуда мебошанд.
Asia-PlusСурат: Авшудагон аз зиндони №7-и шаҳри Душанбе раҳо мешаванд, 28 октябри соли 2019
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр расман сари мансаби сарвари давлат омада, фармони аввали худро дар бораи бахшидани 378 нафар маҳкумшуда ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд” дар асоси принсипҳои инсондӯстона, меҳру шафқат, ғамхорӣ ба оила ва кӯдакону наврасон 378 нафар маҳкумшударо бахшида, онҳоро аз адои минбаъдаи ҷазо озод намуд.
Дар бораи дигар ҷузъиёти фармони мазкур маълумот дода намешавад.
Соли 2017 ҳар кадоме аз маҳкумшудагон дар Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки як маротиба дар як сол аз президент бахшиши гуноҳашро дархост намояд.