расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Шаҳри сабз”-и Рустами Эмомалӣ масъулияти шаҳрнишинии сокинонро баланд мебардорад

Асосӣ / Сиёсат

“Шаҳри сабз”-и Рустами Эмомалӣ масъулияти шаҳрнишинии сокинонро баланд мебардорад

Тайи чанд соли охир пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо, ободу осуда муаррифӣ гаштааст. Азнавсозиву ободонӣ ва пешравиҳои пойтахти азизамон аз заҳмату корнамоиҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ далолат мекунад. Маҳз бо талошҳои пайваста ва нигоҳи дурбинонаи ин ҷавонмарди шуҷои Ватан имрӯз Душанбе воқеан ба шаҳри афсонавӣ мубаддал шудааст.
Рустами Эмомалӣ дар муҳлати на чандон зиёди шаҳрдорӣ тавонист, мавқеъ ва манзалати пойтахти кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шаҳри ободу зебо баланд бардорад. Шаҳрдории мо пайрави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Рустами Эмомалӣ дар фаъолияти кӯтоҳи худ муҳимтарин арзишҳои миллии ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми он, хештаншиносӣ, посдории забони миллӣ ва таърихи ниёгон, инкишофи фарҳанги пурғановат ва рушди анъанаҳои мардумиро ба роҳ монда, зери ин гуфтаҳо амал мекунад.

Рустами Эмомалӣ ҳанӯз аз рӯзи аввали фаъолияти худ дар самти шаҳрдорӣ бо услуби хос тавонист, намои шаҳрро тағйир диҳад. Бо шарофати ӯ тайи солҳои охир дар пойтахти мамлакат чандин иншоотҳои бузург ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо техникаҳои пуриқтидори замонавӣ ба фаъолият пардохтанд. Муосиртарин биноҳои баландошёна қомат афрохта, бо намои худ ба шаҳр ҳусни дигаре зам намудаанд. Инчунин боғу гулгаштҳои зебо ва майдончаҳои зиёди варзишӣ барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт ва берун аз он ба истифода дода шудаанд. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрдорӣ ба сохтору зеридораҳои марбута супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Барои аз ҷиҳати экологӣ тоза нигоҳ доштани шаҳри азизамон ҳамарӯза дар ҳудуди пойтахт корҳои ободонию кабудизоркунӣ гузаронида мешавад. Қобили зикр аст, ки соли гузашта бо пешниҳод ва корнамоиҳои раиси шаҳр дар қисмати шимолии пойтахти мамлакат калонтарин маҷмааи варзишию фароғатӣ дар Осиёи Миёна бо масоҳати 15 гектар ба истифода дода шуд. Инчунин чандин корхонаҳои дӯзандагиву бофандагӣ ба фаъолият пардохтанд. Ду роҳи ошингарди сеқабата дар шаҳр кушода шуд.

Бо талошҳои пайгиронаи ӯ имрӯз Душанбе вирди забонҳосту ҳар як хориҷие, ки аз он дидан намудааст, бо ифтихор ва хушҳолӣ васфаш мекунад. Ҷамол Тақво, шаҳрванди афғонтабори Англия дар рафти суҳбати онлайнӣ оид ба табиати беназири Тоҷикистон ва зебоиҳои Душанбе чунин гуфт: “Ман аввалин маротиба соли 2011 ба Тоҷикистон сафар намудам. Он замон Душанбе дар марҳилаи азнавсозӣ қарор дошт. Пас аз чанде соли 2018 ба Тоҷикистон сафар намуда, тибқи анъана аввал аз пойтахти он - Душанбе дидан кардам. Ростӣ, ҳеҷ боварам наомад, ки дар Душанбе ҳастам. Ин шаҳр куллан тағйир ёфта буд. Аз Душанбеи солҳои қаблӣ осоре набуд. Аз тамошои ошёнаҳои баланди муосир ва осорхонаю мавзеъҳои таърихии Душанбе ҳаловат бурдам. Бахусус, ҳангоми гаштугузор дар хиёбону гулгаштҳояш тозагию гулгулшукуфоии ин шаҳри ҷавон мушоҳида мешуд. Бошандагони Душанбе бо маърифати баланди инсондӯстию меҳмоннавозии тоҷикона маро истиқбол гирифтанд. Онҳо бо истифода аз фарҳанги волою муоширати комил назари маро нисбат ба Душанбе ва Тоҷикистон куллан тағйир доданд. Хуллас, бо таассуроти нек аз Тоҷикистон ба Англия баргашта, ба наздикону пайвандонам тавсия додам, ки ҳатман аз Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри Душанбе дидан кунанд.”

Ин пешравиҳо маҳз самараи заҳматҳои пайвастаи шаҳрдорӣ аст ва барои мо, тоҷикон мояи ифтихору сарфарозист, ки хориҷие шаҳри Душанберо васф мекунад.
Ҳамарӯза аз ҷониби шаҳр-дорӣ иқдомҳои наҷибу созанда ҷиҳати рушди бунёдкории Душанбе пешбинӣ мегардад. Рӯзи 23 сентябри соли ҷорӣ дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини бахши ободонӣ ва зерсохторҳои он оид ба вусъати корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва дар ин раванд ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дастури мушаххас дода шуд. Дар ин ҳошия аз сокинони пойтахт низ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати ободонии пойтахт ҳиссагузор бошанд. Мақсад аз пешбинии ин иқдоми наҷибу созанда ҳифзи муҳити зист, нигоҳубини гулгашту роҳравҳо, шинонидани дарахту буттаҳо ва гулҳои мавсимӣ, инчунин тоза нигоҳ доштани ҷӯйборҳои марказ ва канорҳои он ва беҳтар гардидани сатҳи экологии шаҳр, истифодаи дурусти маърифати он аз ҷониби шаҳрвандон мебошад. Ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт кафолати солимии ҷомеа мебошад. Ин иқдомро сокинони пойтахт дастгирӣ намуда, бо хушҳолӣ ва ифтихор роҳандозӣ мекунанд.

Фирдавс Саидов, сокини шаҳри Душанбе роҷеъ ба ин иқдом чунин гуфт: “Тозакориву гулшинонӣ ва кабудизоркунии дастаҷамъона омили назофату покизагӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист, инчунин ба маърифати экологии муҳити сокинон мусоидат менамояд. Мо, сокинони пойтахт баҳри ободиву рушди ин сарзамини биҳиштосо масъулияти басо гарон бар дӯш дорем. Аз ин сабаб бояд пайваста кӯшиш намоем, ки зери роҳнамоиву роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри ободонии фардо талош намоем. Мо, насли ояндасози миллат ҳар як иқдому дастури роҳбариятро сармашқи кори худ намуда, дар шукуфоии Тоҷикистони азиз нақш мегузорем”.

Ҳангоми гузар намудан аз кӯчаҳои канори шаҳр мушоҳида мегардад, ки назар ба солҳои қаблӣ бартарияти зиёд аст. Хушбахтона, имрӯз бошандагони Душанбе бо маърифати баланд ва ҳисси ватандӯстӣ амалу рафторҳои ноҷои аз доираи ахлоқ берунро ба худ раво надида, ҷиҳати ободонии пойтахти азизамон саҳми босазо мегузоранд. Роҷеъ ба амалигардии иқдомоти шаҳрдорӣ Шералӣ Раҳмонов, сардори шуъбаи ободонии Ҳукумати шаҳри Душанбе чунин гуфт: “Тибқи дастури раиси шаҳр аз моҳи сентябри соли 2019 оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ ва гулпӯш намудани кӯчаҳои пойтахт дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид. Мавсими шинонидани дарахту буттаҳо ва гулҳои мавсимӣ охирҳои моҳи ноябр дар назар аст. Айни ҳол мо ниҳолу буттаҳо ва дарахтону гулҳои мавсимиро ҷамъоварӣ намуда, ба маъракаи ниҳолшинонию сабзкорӣ омодагӣ дида истодаем”.

Хулоса, ҳар яки мо бояд бо дарки баланди масъулияти шаҳрнишинӣ амал намуда, шуруъ аз атрофи хона то хиёбону гулгаштҳоро тоза нигоҳ дорему бо ин восита барои ҳамсоягон, атрофиён ва ҳамшаҳриёну ҳамватанони худ намунаи ибрат бошем. Мо метавонем ҳиссаи худро барои ободонии Ватан гузорем. Зеро мегӯянд: “Дӯст доштани Ватан аз воҷиботи имон аст”.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.