Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели содир намудани як силсила қаллобӣ мутахассиси пешбари бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳрдории Кӯлоб Саидмумин Давлатовро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии зиддифасод, ӯ дар 12 ҳолат бо роҳи фиреб ба боварии сокинони шаҳр даромада, ба онҳо мусоидат дар гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ваъда мекунад.

“Дар умум мансабдор аз онҳо 156 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, ба манфиати худ истифода намудааст”, - қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолатҳои мазкур нисбати Давлатов С.Г. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Дар ин модда то 12 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл барои ҷудо кардани қитъаҳои замин ҷиҳати сохтмони иншооти гуногун ва гирифтани пора ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода боздошт шуд.