Дар Душанбе як ҷавони 25-сола боздошт шуд, ки тариқи телефон ба қаллобӣ машғул буда, худро раис ё ҷияни шаҳрдори Душанбе муаррифӣ мекард. Дар ин бора дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ аз сокинони кишвар дархост кардааст, ки агар аз амалҳои ин қаллоб зарар дида бошанд, ба Вазорат муроҷиат кунанд.

Қобили зикр аст, ки пештар низ қаллобон аз номи президент ва аъзои оилаи ӯ барои амалишавии мақсадҳои худ истифода кардаанд.

Аввали моҳи июн суди ноҳияи Фирдавсӣ актёри ҷавон Беҳрӯз Саидро барои тамаъкорӣ бо мақсади азхудкунии амвол дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Беҳрӯз Саид худро ёвари Рустами Эмомалӣ муаррифӣ намуда, аз ду соҳибкор талаб мекунад, ки ба кадом як дӯсташ таъҷилан қарзро ба маблағи 100 ҳазор доллар баргардонанд.

Соли 2015 хонандаи синфи 10-и Мактаби байнулмилалии Душанбе боздошт шуда буд, ки худро писари президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуда, маблағи калони пулӣ гирифта буд.

Хушдил Қурбонов худро Сомони Эмомалӣ номида, аз одамон пули зиёд мегирифт ва ба мансабдорон супоришҳои ғайриқонунӣ медод.