Сокини ноҳияи Панҷ Хуршед Ғолибов ба хотири дӯст доштани духтари маҳаллӣ ва хоҳиши бо ӯ оила барпо кардан ҷони худро аз даст дод.

“Хуршед ба Дилафрӯз ошиқ шуда, моҳи октябри соли гузашта ба хонаи онҳо хостгор мефиристад. Падари духтар Нурмуҳаммад Нуров қатъиян розӣ набуд, ки духтараш ба ин ҷавон ба шавҳар барояд. Илова бар ин, моҳи декабри соли гузашта ӯ ҷиҳати ба хеши наздикаш Суҳроб Бобохонов хонадор шудани Дилафрӯз розигӣ дода буд”, - қайд мешавад дар хабари Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Ғолибов аз ин хабардор шуда, ба Нуров телефон мекунад ва мегӯяд, ки бо духтараш се сол инҷониб муносибатҳои ошиқона дорад ва барои оила барпо намудан бо духтараш иҷозат диҳад.

“Рӯзи 24 январи соли равон Хуршед Ғолибов бо номзади имконпазири духтар Суҳроб Бобохонов ба хонаи Нурмуҳаммад Нуров меоянд. Ғолибов назди шоҳидон такрор мекунад, ки бо духтар се сол боз муносибати ошиқона доранд, вале Дилафрӯз инро рад мекунад. Ин замон падари духтар ба қисмати гардани Ғолибов ду маротиба бо корд зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷавон ҳалок мешавад”, - қайд мешавад дар маълумот.

Бо қарори коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноятии вилояти Хатлон Нурмуҳаммад Нуров ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.