Дар Ҳисор марди 42-соларо, ки ба таҷовуз ба номуси духтарчаи 12-сола гумонбар дониста мешавад, боздошт карданд.

“Мард боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳидид мекунад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Маҳмурод Одинаев.

Ӯ саҳеҳ нагуфт, ки парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи кадом модда боз шудааст. Одинаев ҳамчунин шарҳ дод, ки волидони духтарча аъзои ҲСДТ буда, аз ин рӯ, ба онҳо кумак мекунанд.

“Падару модари духтарча аъзои ҳизби мо мебошанд, аз ин рӯ, таҳти ҳимояи мо қарор доранд. Ҷараёни тафтишот зери назорати раҳбарият ҳизб буда, дар сурати зарурат раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров аз манфиатҳои духтари ноболиғ ҳимоя хоҳад кард”, - қайд кард Одинаев.

Барои дарёфти маълумоти зарурӣ дар бори ин қазия ба прокуратураи шаҳри Ҳисор муроҷиат кардем, лекин дар он ҷо гуфтанд, ки дархост хаттӣ пешниҳод намоем.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи ин ҳодисаи гӯшношунаид рӯзи 17 июн Раҳматилло Зойиров дар саҳифаааш дар Facebook хабар дод.

Ӯ дар бораи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола дар ҷамоати деҳоти Сомон, участкаи Кӯчабоғ дар Ҳисор аз ҷониби ҳамсояаш иттилоъ дод:

“Шаҳрванди 42-сола Ҳ.А. соли гузашта дар говхона ба номуси духтари 12-сола таҷовуз кард. Ӯ бо таҳдид ва истифода аз ҳолати нотавонии духтар ин корро чандин маротиба такрор кардааст. Ду моҳ пештар духтар кӯдак таваллуд карда, ҳозир дар Ҳисор болои духтар ва волидони ӯ фишор оварда мешавад, то ки қазия бо роҳи соишта ва бидуни оқибат ҳал шавад".

Дар ВКД Тоҷикистон дар посух ба изҳороти Раҳматилло Зойиров қайд карданд, ки “кормандони милитсия далели таҷовуз ба номусро ба қайд гирифта, айни замон прокуратураи шаҳри Ҳисор ба тафтиши ин далел машғул аст”.

Ба гуфтаи волидони духтарча, онҳо қариб як сол пеш ба прокуратура ва шуъбаи корҳои дохилӣ ҷиҳати шикоят аз болои ҳамсояашон муроҷиат карда, лекин аризаашонро қабул накардаанд.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20200702/absi-gumonbari-taovuz-ba-nomusi-duhtarchai-12-sola-dar-isor