Сокини ноҳияи Дарвози ВМКБ Шукрулло Некройев бо қарои суди маҳаллӣ барои риоя накардани меъёрҳои қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Точикистон” ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Шукрулло Некройев  бе қайд дар мақомоти ваколатдор ва бидуни тавсиянома дар Истироҳатгоҳи Чорчамани ноҳия  туйи домодиашро баргузор намудааст.

Суди ноҳияи Дарвоз ҳамчунин ҳунарманди ин маросим Амирҳамза Давлатовро, ки дар ин маросим сарояндагӣ кардаааст, низ ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима кард. Ҳунарманд бо он гунаҳкор дониста шудааст, ки бидуни бастани шартномаи тарафайн хизматрасонӣ кардааст.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20200701/darvoz-domodu-saroyandai-ti-baroi-onunshikan-arima-shudand