Сокини ноҳияи Лахш Алишер Хоҷаев моҳи ноябри соли 2018 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда, барои адои хизмат ба қисми низомии 0123 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ сафарбар мегардад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, бо фармони фармондеҳи қисми низомии дар боло зикршуда ба Алишер Хоҷаев аз 19 то 29 июли соли гузашта рухсатӣ дода мешавад, лекин баъди анҷоми муҳлати рухсатӣ ӯ ба ҷойи хизмат барнамегардад.

“19 ноябри соли гузашта Хоҷаев зимни дар Душанбе буданаш ба интернет-қаҳвахона омада, то субҳи рӯзи дигар он ҷо мемонад. Вақти аз қаҳвахона рафтан ӯ телефони мобилии тамғаи Samsung Galaxy A-40 арзиша 2,2 ҳазор сомониро, ки ба мизоҷи дигар тааллуқ дошт, дуздида худи ҳамон рӯз онро бо нархи 500 сомонӣ ба як сокини Душанбе мефурӯшад”, - қайд мешавад дар хабар.

Бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Алишер Хоҷаев ба дуюним соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20200630/sarbozi-firor-dast-ba-duzd-zada-2-sol-zindon-shud