Кормандони милитсияи пойтахт ҷавонеро боздошт карданд, ки дар навори видеои ахираш дар Инстаграм худро “блогер” муаррифӣ карда, бо таппонча дар даст таҳдид мекунад, ки ҳамаи “одамони бахил”-ро мекушад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо шикоят аз ин навори видео корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба милитсияи пойтахт муроҷиат кардаанд.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои фаврии кормандони милитсия маълум шуд, ки ин нафар Шаҳбоз Фаттоеви 20-сола, сокини шаҳри Душанбе мебошад.

“Зимни бозпурсӣ муайян карда шуд, ки номбурда ба хотири худнамоишдиҳӣ ва ба ин васила машҳур гардидану зиёд намудани сафи аъзои саҳифаи иҷтимоии интернетиаш ҳангоми қарордошт дар дохили автомашина таппончаи дар навор инъикосшударо гирифта, баъди сабти навори мазкур онро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст”, - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки яроқи дар навор истифодашуда таппончаи газӣ буда, аз ҷониби Раёсат мусодира карда шуд.

Нисбат ба Шаҳбоз Фаттоев бо иттиҳоми нашри навори таҳдидовар ва ба таҳлука овардани шаҳрвандон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.