Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зани серфарзанди сокини пойтахтро барои таҷлили ҷашни зодрӯзи духтараш ҷарима кард.

Тавре дар сомонаи суд хабар дода мешавад, Зебинисо Сайдалиеваи 56-сола барои таҷлили ҷашни зодрӯзи фарзандаш 15-20 нафарро даъват кардааст.

Гуфта мешавад, Сайдалиева модари танҳо буда, фарзандонашро худаш тарбия мекунад ва муваққатан бекор аст.

Барои риоя накардани моддаи 481-и қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» зан ба маблағи 5800 сомонӣ ҷарима шуд. Бо вуҷуди иқрор шудан ба гунаҳкорӣ ва пушаймонӣ изҳор кардан дар мурофиа, суд ӯро ба миқдори ҳадди баландтарини имконпазир ҷарима кард.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни дар боло зикр шуда, таҷлили ҷашни зодрӯз танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20200625/zani-serfarzandi-sokini-poitaht-baroi-tashkili-ashni-zodrzi-duhtarash-arima-shud