ДУЗДӢ

ДУЗДӢ

 26.05.2020 ш-нд, Мирзошарифов Давлатхуҷа Усмоналиевич 1983 с/т, истиқ. кӯч.С.Шерозӣ х.22, ҳ.22  ба ШВКД н.Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 26.05.2020 сол, тахминан соати 01.30-дақиқа дар кӯч. Крупская шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди “Ошхонаи миллӣ» шуда, аз он ҷо маҳсулотҳои хурока ва 1-адад самоварро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2500-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустучӯӣ ш-нд, Муродов Рустам Баротович 1984 с/т, истиқ. н.Дӯстӣ, кӯч. 1-уми май, дастгир карда шуд.

25.05.2020 ш-нд, Сафаров Акрам Нуралиевич 1963 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Темурмалик, ҷ/д А.Каримов, деҳ. Б.Темур ба ШВКД н.Восеъ муроҷиат намуд, ки санаи 21.05.2020 сол тахминан соати 02-00 дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи н.Восеъ, ҷ/д Х.Раҷабов 5-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 25.000-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустучӯӣ ш-нд, Маҳмадалиев Ҳасан Сайдалиевич 1967 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Темурмалик, ҷ/ш Совет, кӯч. Ш.Карим х.26 дастгир карда шуд.

 

26.05.2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ш-нд, Ҷуманазаров Нуралӣ Ғафурович 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. н.Зафаробод, ҷ/д Равшан, деҳ. Ҳ.Нав, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 22.05.2020 сол аз хонаи истиқоматии ш-нд, Исмоилов Икром Ибрагимович 1979 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Исфисор, кӯч. Д.Халқҳо х.72, маблағи пулӣ 1500-сомонӣ, матоъҳои занона, либосҳои мардона ва занона, 1-адад таҷҳизоти шамолдиҳӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Флай» ва дигар молу амволҳои рузғорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 6000-сомониро ташкил медиҳад. Нисбати ш-нд, Ҷуманазаров Н.Ғ. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон