Кормандони шуъбаи Кумиттаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рӯзи 22 май зимни баргузории амалиёти махсус сокини 44-солаи маҳаллӣ Шароф Қобиловро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ-и ҷумҳурӣ, ӯ дар даст доштан қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.

“Ҳангоми боздошт Қобилов муқовимати сахт нишон дода, сардори шӯъбаи ноҳиявии КДАМ Самариддин Чуяновро  захмӣ кард, - хабар медиҳад манбаъ. - Боздоштшуда саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ мебошад, ки ба қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул буд”.

Гуфта мешавад, рӯзи 1 майи соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти дастгиркунӣ Шароф Қобилов тавониста буд аз ҷои ҳодиса фирор кунад.

Он замон микдори  махсусан калони маводи мухаддир мусодира ва ду ҳаммаслаки Қобилов ҳангоми содир намудани ҷиноят дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парванлдаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба вазъи саломатии Чуянов ҳеҷ хатаре таҳдид надошта, ӯ дар бемористон бистарӣ шуд.