Мутахассисони воҳидҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар иншооти воқеъ дар шаҳракҳои ҳарбии Душанбе ва Бохтар корҳои безараргардонӣ гузарониданд.

Бо мошину дастгоҳ ва таҷҳизоти махсуси пойгоҳ беш аз 20 километр роҳҳо ва зиёда аз 300 иншоот безарар гардонида шуданд.

Тавре дар сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Русия хабар дода мешавад, қабати дурушти роҳҳо, намо (фасад)-и биноҳо, майдонҳои бозии кӯдакон, иншооти машқгоҳҳои Лоҳуру Самбулӣ, постгоҳҳои назоратӣ, даромадгоҳҳои иқоматгоҳи сарбозон ва манзилҳои истиқоматӣ тамизу поккорӣ шуданд.

Ғайр аз ин, барои қавӣ гардонидани сироятнопазирӣ (иммунитет)-и сарбозон дар ошхона ба онҳо хӯроки серғизои дорои фитонисидҳо: сирпиёз, меваҳои ситрусӣ, инчунин хӯриш ва нӯшокиҳои витаминдор дода мешаванд.