СЕ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ТИРПАРРОНӢ ДАР НАЗДИКИИ ЧЕЛЯБИНСК ЗАХМӢ ШУДААНД

СЕ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ТИРПАРРОНӢ ДАР НАЗДИКИИ ЧЕЛЯБИНСК ЗАХМӢ ШУДААНД

 Рӯзи 20 май дар Челябински Русия се шаҳрванди Тоҷикистонро бо захмҳои тир бистарӣ карданд. Бино ба гузориши сомонаи маҳаллии 74.RU, ин се муҳоҷири тоҷик дар як тирпарронӣ дар шаҳраки Кременкул, воқеъ дар тақрибан 25-километрии ғарби Челябинск ҷароҳат бардоштаанд. Дар раёсати тандурустии Челябинск гуфтаанд, ки як шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон аз китфу шонаи чапаш тир хӯрда, ҳамватани 38-солаи ӯро аз дасташ паррондаанд ва як ҷавони 22-сола аз қафаси синааш захмӣ шудааст. Ҷавони 22-соларо, ки ҷароҳати аз ҳама вазнин дошт, ба бемористони шаҳрии №1 интиқол дода, ду нафари дигарро дар бемористони клиникии вилоятии № 3 бистарӣ кардаанд. Сабаби муноқишаи хунин дар Кременкул ва шахсияти онҳое, ки муҳоҷирони тоҷикро паррондаанд, ҳанӯз маълум нест, чунки ҷабрдидаҳо ба забони русӣ хуб ҳарф намезананд, навиштааст сомонаи 74.RU . Пулис ба таҳқиқи ин қазия шурӯъ кардааст.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи 74.RU, се муҳоҷири тоҷик дар Кременкул ҷароҳат бардошта, бо захмҳои хунин худро ба Челябинск расондаанд ва танҳо баъди ин аз манзили иҷораи худ дар кӯччаи Красногвардейская ба «Ёрии таъҷилӣ» занг задаанд.

Маълум нест, ки оё онҳо ба хотири наҷоти ҷони худ бо бадани захмӣ 25 километр роҳро тай карда, ба Челябинск баргаштаанд ваё намехостанд, ки ин қазия ошкор шавад.

Дар ҳар сурат, вақте онҳо дидаанд, ки захмҳояшон хеле ҷиддист, ба «Ёрии таъҷилӣ» муроҷиат кардаанд.Хадамоти матбуоти раёсати тандурустии Челябинск дар шарҳи ин ҳодиса ба сомонаи 74.RU гуфтааст: «Занг соати 13:35 расид, сабаби даъват захмҳои тир аз силоҳи оташфишон гуфта мешуд. Мошини «Ёрии таъҷилӣ» баъди 7 дақиқа ба он расид. Ба он ҷо ду бригада фиристода шуд. Як марди 41-сола аз китфу шонаи чапаш тир хӯрда, ҳамватани 38-солаи ӯро аз дасташ паррондаанд ва як ҷавони 22-сола аз қафаси синааш захмӣ шудааст.»

Ҷавони 22-соларо бо ҷароҳати вазнин аз қафаси сина ба бемористони шаҳрии №1 интиқол дода, ду нафари дигарро дар бемористони клиникии вилоятии № 3 бистарӣ кардаанд.

Ва аммо сабаби муноқишаи хунин дар Кременкул ва шахсияти онҳое, ки муҳоҷирони тоҷикро паррондаанд, ҳанӯз маълум нест, чунки ҷабрдидаҳо ба забони русӣ хуб ҳарф намезананд, навиштааст сомонаи 74.RU . Пулис ба таҳқиқи ин қазия шурӯъ кардааст.

Любов Гайнулина, сухангӯи ВКД Челябинск гуфт, бино ба иттилои муқаддамотӣ муҳоҷирони тоҷик аз силоҳи травматикӣ захмӣ кардаанд. Ӯ афзудЮ ки қазияро шуъбаи пулиси ноҳияи Сосново таҳқиқ мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон