БА САБАБИ МУНОСИБАТҲОИ ОШТИНОПАЗИР: СӮИҚАСД БА КУШТОРИ КЕЛИНИ ХОНАВОДА

 
Як марди 46-солаи сокини деҳаи Гулафшони ноҳияи Ҷ.Расулов бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор дастгир шуд. ВКД мегӯяд, гумонбар санаи 28 март, соати 11, ҳангоми хоб будани ҳамсари 42-солаи додараш ба қафаси сина ва дигар аъзои бадани ин зан корд задааст. Сабаби муноқиша гуфта нашудааст, вале ВКД мегӯяд, ки гумонбар дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва "аз сабаби муносибатҳои оштинопазир” даст ба ин кор задааст.

Як марди 31-сола аз Кӯлоб ва як сокини 25-солаи Рашт ба он гумонбар мешаванд, ки шоми 29 март, соати 19:30 дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт сокини 41-солаи Ҳисорро латтукӯб карда, пул, аснод ва телефони мобили ӯро бо зӯрӣ кашида гирифтаанд.

Субҳи 30 март ронандаи мошини "Лексус-РХ-350”, Одинаев Боймаҳмад, сокини деҳаи Гулободи шаҳри Ваҳдат дар рӯ ба рӯи бозори "Автостансия”-и Ваҳдат ба мошини "Мерседес” бархӯрда, сипас ҳангоми ба қафо рондани мошин се пиёдагардро пахш кардааст. Ду зани 37- ва 47-сола ҷон дода, пиёдагарди сеюм маҷруҳ шудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 31 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди қаблан судшуда бо ҷурми сӯиқасд ба одамкушӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини деҳаи Гулафшони ноҳияи Ҷ.Расулов, ки пеш бо моддаи 154 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 28-уми марти соли 2020, тахминан соати 11:00, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз сабаби муносибатҳои оштинопазирӣ ҳангоми хоб будани ҳамсари додараш зани 42-сола, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси сина ва якчанд маротиба ба аъзои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

Ошкор шудани кирдори ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки санаи 29-уми марти соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дохили ҷузвдонаш, шиносномаи миллӣ ва хориҷӣ, маблағи пулӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг С-8”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 25-солаи сокини ноҳияи Рашт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Ноуҳдабароии ронанда боиси ҳалокати ду пиёдагард гардид

Рӯзи 30-юми марти соли 2020, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус-РХ-350”, Одинаев Боймаҳмад, соли таваллудаш 1949, сокини деҳаи Гулободи шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар рӯ ба рӯи бозори "Автостансия”-и шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Раҳимзода Довудшоҳ Боймаҳмад, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ҳисор, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст.

Баъдан воситаи нақлиётро ба қафо ҳай карда, пиёдагардон: Ғафуров Диловар Ғиёсиддинович, соли таваллудаш 1991, Холмуродова Файзимо Буриевна, соли таваллудаш 1983 ва Комилова Хиробон Нуруллоевна, соли таваллудаш 1973, сокинони ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Пиёдагардон: Холмуродова Ф.Б. ва Комилова Х.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ғафуров Д.Ғ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон