Дар амалиёти навбатии “Корд”, ки аз 8-ум то 29-уми март дар ҳамаи манотиқи пойтахт ҷараён гирифт, 12 нафар боздошт гардида, аз онҳо қариб 30 адад силоҳҳои сард дарёфту мусодира шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, нисбат ба нафарони дастгиршуда чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон протокол бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ва ҷаримаҳо татбиқ карда шуданд.

Аз ҷумла, дар рафти амалиёт аз истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Икром Менглиеви 29-сола 2 адад корд, 2 бита, 3 кастет, 2 нунчакӣ, 1 дубинкаи оҳанин ва 1 ниқоби сиёҳ, инчунин аз Сурайё Раҳимова, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе 8 адад корд дарёфт ва мусодира карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе изҳор медорад, ки баргузории амалиёти шартии “Корд” дар ҳудуди пойтахт идома ёфта, милитсияи пойтахт то ба пуррагӣ аз ҷомеа решакан кардани ин омили номатлуб мубориза мебарад.