ДОДСИТОНИ КУЛЛ: ДАР ЗИНДОНИ №1 ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТИИ «ҶАМОАТИ МУВАҲИДДИН» ОШКОР КАРДА ШУД

 

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар ҳисоботаш ба Маҷлиси миллӣ дар бораи ошкор шудани фаъолияти 66 узви созмони ифротӣ-терористии «Ҷамоати Муваҳиддин» дар зиндони ЯС-3/1 ва маҳкум шудани 37  нафар аз саркардагон ва аъзои фаъоли ин созмон, аз ҷумла Қурбонов С.С., Азамов М. Б. ва Абдусамадов Б. (бародари Ҳусейн Абдусамадов – раҳбари гуруҳи қотилони 4 сайёҳи хориҷӣ дар Данғара) хабар дод. Юсуф Раҳмон гуфт, «тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба маҳкумшудагон Абдусамадов Б. ва дигарон, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта адои ҷазо менамуданд, собит сохт, ки онҳо дар хусуси ташкил намудани иттиҳоди ҷиноятӣ дар шакли зерсохтори «Ҷамоати Муваҳиддин» маслиҳат намуда, нақшаи ҷалби дигар маҳкумшудагон, тақсими вазифаҳо дар байни аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ ва тарзу усулҳои фаъолияти онро тарҳрезӣ карданд.» Юсуф Раҳмон ба вакилони Маҷлиси миллӣ ҳамчунин хабар дод, ки парвандаи 22 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи шаби 6 ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадии Ишқобод ба додгоҳ ирсол шудааст. Додситони кул гуфт, дар он ҳамла 5 марзбон, як корманди милиса ва 21 тан аз тарафи ҳамлагарон, бо шумули 9 мард, 8 зан ва 4 кӯдак кушта шуданд.

 

Аз ҳисоботи додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ: Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ содир гардидаанд, мавриди тафтиши пурраю ҳамаҷониба қарор дода шуданд. Чунончи, бо парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба роҳбарон ва аъзои иттиҳодияи муташаккили ҷиноятии экстремистӣ-террористии ба ном «Ҷамоати Муваҳиддин» — маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии ЯС-3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов С.С., Азамов М. Б. ва дигарон 37 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли ин иттиҳодияи муташаккили ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардиданд.

Ҳамчунин, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба маҳкумшудагон Абдусамадов Б. ва дигарон, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта адои ҷазо менамуданд, собит сохт, ки онҳо дар хусуси ташкил намудани иттиҳоди ҷиноятӣ дар шакли зерсохтори «Ҷамоати Муваҳиддин» маслиҳат намуда, нақшаи ҷалби дигар маҳкумшудагон, тақсими вазифаҳо дар байни аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ ва тарзу усулҳои фаъолияти онро тарҳрезӣ карданд.

Бо анҷоми тафтишоти пешакӣ 29 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли иттиҳоди ҷиноятии мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии судӣ қарор дорад.

Ҳамин гуна, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии ЯС №3/2 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, ки аъзои равияи террористӣ — экстремистии «Салафия» ба шумор мерафтанд, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол ва бо ҳукми суд 28 нафар маҳкум гардиданд.

Новобаста аз чораҳои андешидашуда дар ин давра ҷинояти мудҳиши террористӣ-ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 «Ишқобод»-и қисми ҳарбии 0317 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, содир гардид, ки дар натиҷаи он 26(мардон — 9, занон — 8 нафар, ноболиғон4 нафар, хизматчиёниҳарбӣ — 5нафар ва 1 нафар корманди милитсия)нафар куштаву 2 нафари дигар захмӣ гардиданд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 22 нафар ба ҳабс гирифта шуда, бо итмоми тафтишоти пешакӣ парванда ба суд ирсол карда шудааст.


 

 

Матни пурраи ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» ва суолу ҷавобаш бо вакилони Маҷлиси миллӣ. 19 марти соли 2020

Аз сомонаи "Садои мардум” – нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 

Доир ба масъалаи навбатӣ — лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» сухан ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дода мешавад. Мар­ҳамат.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод:

- Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич!

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои муайянро ба сомон расонид.

Диққати асосӣ ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019 «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» дода шуд.

Ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо таваҷҷуҳи зарурӣ ба ҷавонони лаёқатманди дорои донишу малакаи баланди касбӣ, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир дода шуда, қабули кормандон ба мақомот дар доираи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия «Барномаи таҳкими интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2020» қабул гардид.

Тибқи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура 13 марти соли 2018 ҷиҳати баланд бардош­тани нақши маҷлисҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ ва ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар ин давра 83 (72) маҷлиси ҳайати мушовараи мақомоти прокуратура ва 297 (295) ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардида, дар онҳо вазъи ҷинояткорӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, қочоқи молу маҳсулот, ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон, қонунгузории замин, ҳифзи саломатии аҳолӣ мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуданд.

Бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти назорати иҷрои қонунҳо соли 2019 Барномаи низоми муқовимат бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо иборат аз 10 фасл ва дар ин замина нақша — чорабиниҳо қабул гардида, иҷрои он таъмин карда шуд.

Ба қабулу баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи онҳо диққати хоса дода шуд.

Дар ин давра ба мақомоти прокуратура 43114 (41540) муроҷиати шахсони воқеӣ ворид гардида, аз ин 25882 (24862) муроҷиат аз рӯи тобеият фиристода шуда, 13740 (13795) муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 2731 адад ва ё 19,8 фоизи онҳо қонеъ карда шуданд.

Прокуророн ҳолати иҷрои қонунҳоро 5338 (5197) маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда 11041 (10271) амр, 5680 (5023) пешниҳод ва 7485 (6494) эътироз оварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 9144 (8017) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 4098 (3894) нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 23089 (21233) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2688 (2758) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Бо дахолати прокуророн 598 (563) млн. сомонӣ барқарор карда шудааст, ки аз ин 303,1 (275,4) млн. сомонӣ ба манфиати давлат буда, ин нишондод бо санадҳои муқоисавии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 228 млн. сомонӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 75,1 млн. сомонӣ тасдиқ карда шудааст.

Ба қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 874 (850) эътироз оварда шуданд, ки 682 (545) адад ва ё 78 фоизи онҳо вобаста ба қонунгузории замин мебошад.

Прокуророн фаъолиятро, пеш аз ҳама, ба фаҳмондадиҳии талаботи қонунгузории замин, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо ва баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон равона намуда, вобаста ба ин 978 (622) суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.

Санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки баъзе аз раисони шаҳру ноҳияҳо талаботи қонунгузории заминро риоя накарда, то ҳол қарорҳои беасос ва ғайриқонунӣ қабул менамоянд.

Чунончи, бо қарори раиси ноҳияи Б. Ғафуров аз 21 майи соли 2019, таҳти №290 ба шаҳрванд Ибрагимов М. И. бар хилофи талаботи моддаи 96 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои дарёи Сир масоҳати 933 метри мураббаъ қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шудааст.

Ба ҳамин монанд, бо қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ ғайриқонунй ба 7 нафар шаҳрванд аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об 0,4 га қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ҷудо карда шудааст.

Ё ин ки бо қарори раиси шаҳри Норак ба 10 нафар шаҳрванд барои ташкили минтақаҳои истироҳатӣ аз ҳисоби заминҳои ботлоқзори Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» майдони 0,8 га қитъаи замин дода шудааст.

Бо қарорҳои раиси ноҳияи Хуросон бошад, аз ҳисоби заминҳои таъиноти саноатии ҶДММ «Заводи пахтаи Беҳзод» ба 7 нафар майдони 0,40 га қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ бо истифодаи якумраи меросӣ ғайриқонунӣ дода шудааст. Бо эътирозҳои прокурорӣ қарорҳои ғайриқонунӣ бекор ва қитъаҳои замин ба заминистифодабарандагони якумдараҷа баргардонида шуданд.

Қабули қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба замин дар фаъолияти раисони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ 39 адад, Б. Ғафуров ва Деваштич — 29, Мастчоҳ — 27, Хуҷанд — 26, Шаҳринав, Кушониён, Фархор, Ҳисор — 25, Хуросон ва Вахш 25 ададӣ, Шоҳмансур ва Варзоб 21 ададӣ, Рӯшон ва Ашт 18 ададӣ, Панҷакент, Восеъ, Шуғнон ва Рашт 17 ададӣ, Ҷ. Расулов ва Айнӣ 15 ададӣ, Исфара, Истаравшан, Фирдавсӣ, Қубодиён ва Роштқалъа 14 ададӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ ошкор ва ҷиҳати бекор кардани онҳо эътирозҳо оварда шудаанд.

Баъзе аз масъулини замин бо мақсади ба даст овардани даромад бевосита ба тақсимоти ғайриқонунии қитъаҳои замин даст мезананд. Масалан, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон Мирзоев А. С. майдони 1,5 га замини корами обиро ба 4 нафар бар ивази 12500 доллари ИМА, муовини раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Панҷакент Ёриён Ф. Ҳ. майдони 0,06 га замини корами обиро ба 1 нафар ба ивази 10000 сомонӣ ва раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд Рустамзода А. ва муовини ӯ Ахмедов М. дар якҷоягӣ бо шаҳрванд Ахмедов А. майдони 3,8 га заминҳои шаҳри Хуҷандро ба ивази 171000 доллари ИМА ба 6 нафар шаҳрванд ғайриқонунӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ фурӯхтаанд.

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рашт Хусейнзода Н. бошад, майдони 0,12 га замини корами обиро ба як нафар ғайриқонунӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додааст. Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Дар соли 2019 ба Прокуратураи генералӣ аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 95 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба додани қитъаҳои замин барои сохтмони иншооти гуногун барои хулоса ворид гардиданд. Бо натиҷаи омӯзиш 8 лоиҳа бинобар ҷой доштани камбудиҳо барои ислоҳи минбаъда бозпас гардонида шуда, 22 адад бинобар аз ҳисоби заминҳои корами обӣ интихоб гардиданашон мувофиқи мақсад нашуморида, ба боқимонда 65 лоиҳа хулосаи мусбат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ, аз натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузории замин ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 740 (561) пешниҳод, 1229 (1004) амр ва 1064 (937) эътироз оварда, бо баррасии санадҳои эътиноӣ 893 (581) нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида, 3245 (2870) парвандаи маъмурӣ, 883 (1085) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо талаби онҳо 1,3 (6,6) млн. сомонӣ зарар барқарор ва 8196,4 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Дар самти иҷрои қонунҳо аз ҷониби мақомоти худидораи шаҳраку деҳот корҳои муайян ба сомон расонида, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани камбудиву қонунвайронкуниҳо чораҳои самаранок андешида шудааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи 289 санҷиши масъалаи мазкур 2233 қонунвайронкунӣ ошкор, баҳри бартараф намудани онҳо 329 амр ва 606 пешниҳод ирсол ва ба 247 қарору фармонҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор эътирозҳо оварда шуда, аз натиҷаи баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 1 019 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

Аз натиҷаи санҷишҳо нисбат ба гунаҳгорон чораҳои таъқиби ҷиноятӣ андешида шуда, дар натиҷа, 139 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 35 адад коррупсионӣ, оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шуданд.

Чунончи, санҷиш дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара муайян кардааст, ки муҳандис-заминсози ҷамоат Олимзода А. талаботи қонуни мазкурро дағалона вайрон карда, бидуни сабабҳои узрнок 22 адад муроҷиати шаҳрвандон ва муроҷиати дастаҷамъонаи 18 нафар — Саидов У. ва дигаронро дар китоб ба қайд нагирифта, бе баррасӣ дар утоқи кориаш нигоҳ дошта, ба муаллифон хаттӣ ҷавоб надода, ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандонро поймол намудааст.

Раиси ҷамоати шаҳраки Исфара Бобоев Д. ва мутахассиси андози ин ҷамоат Собитова Д. бошанд, 36 ҳазор сомонӣ маблағҳои андози маҳаллиро ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ба буҷет нагузаронида, аз они худ намудаанд.

Ҳолатҳои аз тарафи пудратчиёну фармоишгарон берун аз лоиҳа, бидуни дастрас намудани иҷозат ва хулосаҳои зарурӣ сохтани ошёнаҳои иловагӣ ошкор гардида, дар ҳолатҳои алоҳида биноҳои бисёрош­ёна бидуни санади қабули иншоот ба истифода дода шуда, шаҳрвандон дар он истиқомат доранд.

Чунончи, муайян карда шуд, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 29 октябри соли 2014, №471 ба ҶДММ «Ободии пойтахт» барои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, дар кӯчаи Х. Деҳлавӣ, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иҷозат дода шудааст.

Минбаъд тибқи шартномаи ҳамкорӣ дар сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ байни ҶДММ «Ободии пойтахт» ва ҶДММ «Сапеда 112» аз 16 феврали соли 2017, ҶДММ «Сапеда 112» уҳдадор гардидааст, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонии биноҳои пешбинигардидаро ба анҷом расонад.

Роҳбари ҶДММ «Сапеда 112» Изатуллоев А. И., бе риоя намудани тартиби муқаррарнамудаи қонун, дидаву дониста, ки тибқи хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ блокҳои «А» ва «Б» 15-ошёнагӣ пешбинӣ гардидааст, худсарона дар болои ошёнаҳои 15-уми блокҳои зикршуда бе иҷозати мақомоти ваколатдор дар масоҳати 1648 метри мураббаъ сохтмони 3 ошёнаҳои иловагиро ба роҳ мондааст.

Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба шахсони номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳамин тариқ, бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда вобаста ба қонунгузории шаҳрсозӣ аз тарафи мақомоти прокуратура барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда унвонии мақомоти ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдор 62 амр ва 34 пешниҳод фиристода шуда, ҷиҳати бекор кардани санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор 66 эътироз оварда шуда, 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 32 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

Зимни санҷишҳои прокурорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист низ камбудиву қонуншикании зиёд ошкор гардида, дар натиҷа, 135 (110) амр, 94 (83) пешниҳод ва 108 (94) эътироз оварда, 1662 (1410) нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба гунаҳгорон 59 (56) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 3,2 (3,3) млн. сомонӣ барқарор гардидааст.

Яке аз мушкилиҳои соҳаи мазкур ин хеле ночиз будани ҳаҷми муқарраршудаи пардохтҳои ҳатмии экологӣ барои вайрон намудани ҳавои атмосферӣ маҳсуб меёбад.

Чунончи, Корхонаи сементбарории ҶДММ «Ганҷ-2000» -и шаҳри Ваҳдат хилофи талаботи технологӣ ва меъёрҳои экологӣ бидуни истифодаи таҷҳизоти ҳавотозакунӣ (2017,2018, 8 моҳи 2019) 390 тонна партови зарароварро ба ҳавои атмосферӣ партофта бошад ҳам, зарари экологии он (тибқи дастурамали методии амалкунанда) 13 000 сомонӣ муайян карда шудааст.

Ҷиҳати муътадил гардонидани фаъолияти низоми бонкӣ ва солимгардонии вазъи молиявии бонкҳои саҳомӣ, таъмини пардохтпазирии бонкҳо ва сари вақт баргардонидани пасандозҳои аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Аз натиҷаи санҷишҳо дар ин самт прокуророн 173 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 226,7 млн. сомонӣ маблағи зарари расонидашуда, аз ҷумла ба ҶСК «Агроинвестбонк» — 68,3 млн. сомонӣ, ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» — 115 млн. сомонӣ ва ба Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» — 43,2 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

Ҳамчунин, оиди аз ҳисоби молу мулки багаравгузоштаи соҳибкорон ва корхонаву ташкилотҳо ба манфиати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» рӯёнидани 17 млн. сомонӣ маблағи қарз ба судҳои иқтисодӣ 4 аризаи даъвогӣ пешниҳод карда шудаанд, ки дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Дар раванди назорат ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» диққати асосӣ ба пешгирии муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ, ошкор сохтани бозори сиёҳи асъор равона карда шуд.

Муайян карда шуд, ки дар аксари мавридҳо қонуншиканиҳо аз ҷониби кормандони бонкҳо содир карда мешаванд. Чунончи, нозири маркази хизматрасонии бонкии ҶСП «Тавҳидбонк» Маҳмадсолеҳзода А. М. 4 декабри соли 2019 бо маслиҳати пешакӣ бо Амирализода Ҷ. М. ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ машғул шуда, новобаста аз он ки қурби расмии доллари ИМА 1 доллар баробар ба 9,69 сомонӣ буд, 3 ҳазор доллари ИМА-и шаҳрванд Раҳимов Ш. А.-ро ғайриқонунӣ бо қурби 1 доллар баробар ба 9,80 сомонӣ ба маблағи умумии 29 ҳазору 400 сомонӣ иваз намудааст.

Ба ин монанд, коршиноси қарзии филиали ҶСК «Бонки Эсхата» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Бурҳонов М. Н. 20 декабри соли 2019, новобаста аз он ки қурби расмии доллари ИМА 1 доллар баробар ба 9,69 сомонӣ буд, маб­лағи 3 ҳазору 500 доллари ИМА-и шаҳрванд Нозимов А. Н.- ро ғайриқонунӣ бо қурби 1 доллари ИМА баробар ба 9,75 сомонӣ ба маблағи умумии 34 ҳазору 125 сомонӣ иваз намудааст.

Аз натиҷаи санҷиши қонунгузории мазкур 320 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, 198 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 12 амр ва 21 пешниҳод ирсол карда шуда, 6 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст.

Санҷишҳои ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» нишон медиҳанд, ки то ҳанӯз сари вақт баррасӣ накардан ва бе баррасӣ мондани муроҷиатҳо ҷой доранд. Чунончи, мутахассиси пешбари шуъбаи барӯйхатгирии техникии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Деваштич Абдурауфов З. Ш. 17 муроҷиат, мутахассис-заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Ҳисор Шоҳмуродов А. Э. 4 муроҷиат ва мутахассис-заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Хуросон Раджабалиев М. М. 15 муроҷиати шаҳрвандонро бе сабабҳои узрнок баррасӣ накардаанд.

Дар маҷмӯъ, барои роҳ додан ба қонунвайронкуниҳо дар ин самт 1005 нафар шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ ва 20 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Аз натиҷаи санҷиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 314 (281) пешниҳод, 113 (124) амр оварда, 405 (393) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 494 (446) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 2 (0) нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Паҳншавии вируси норасоии масунияти одам то ҳол ташвишовар боқӣ монда, то 1 декабри соли 2019 (аз соли 1991) дар ҷумҳурӣ 11986 нафар бо он сироят ёфтаанд. Аз ин миқдор 6813 нафар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, 3791 нафар бо роҳи тазриқӣ (сӯзандору), 474 нафар бо роҳи аз модар ба кӯдак гузаштан ва 908 нафар бо роҳҳои номаълум сироят ёфтаанд. Аз шумораи умумии сироятёфтагон 3230 нафар фавтида, шумораи шахсони гирифтори ВНМО 8756 нафарро ташкил медиҳад.

Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба вазъи сироятёбии шаҳрвандон ба бемории вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби прокуророн 30 амр, 56 пешниҳод фиристонида шуда, 352 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 49 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Аз ҷониби прокуророн ҷиҳати пардохти саривақтии музди меҳнат, рӯёнидани қарздории истифодаи оби полезӣ ва истифодаи қувваи барқ, ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунӣ, дуздӣ ва талафоти аз меъёр зиёди он корҳои муайян анҷом дода шудааст.

Дар асоси санадҳои ­эътиноии прокурорӣ 142 млн. сомонӣ қарзи музди меҳнат ба манфиати шаҳрвандон ва 20 млн. сомонӣ қарзи оби полезӣ ба манфиати идораҳои хоҷагии об рӯёнида шудааст.

Санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои аз ҷониби масъулини соҳа азонихудкунии маблағҳоро ошкор намуданд. Чунончи, директори Ассотсиатсияи истифодабарандагони «Оби тоза»-и шаҳри Конибодом Ахмедов М. Э. 79 ҳазор сомониро аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии об тасарруф намудааст.

Таҳлили вазъи ҷамъоварии ­маблағи истифодаи неруи барқ нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ қарзи умумии муштариён то 1 декабри соли 2019 ба 2 млрд.713 млн. сомонӣ расидааст.

Ҷиҳати санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузории амалкунанда дар фаъолияти ШСХК «Барқи Тоҷик» ва сохторҳои поёнии он бо ҷалби кормандони дигар ниҳодҳои давлатӣ гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, ҳолатҳои зиёди қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд. Чунончи, масъулони Шабакаҳои барқии шаҳри Ваҳдат дар солҳои 2018-2019 бо роҳи ба ҳисоботҳои истифодабарии қувваи барқи ҶДММ «Джонг фу» ва ҶДММ «Сохтмон-Ваҳдат» ворид намудани маълумоти бардурӯғ 17,8 млн. квт/соат барқи истифодашударо барои пардохт пешниҳод накарда, ба давлат 12 млн. сомонӣ зарар расонидаанд.

Ба ҳамин монанд, масъулини ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб» моҳи январи соли 2019 дар ЧДММ «Ресандаи Кӯлоб» дуздии қувваи барқро ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ ошкор карда, системаи баҳисобгирии барқи корхонаи зикршударо беасос се маротиба бекор карда, маблағи 169 977 сомонӣ қувваи барқи истифодашударо ҳисобӣ накарда, ба манфиати давлат ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расониданд.

Дар ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Турсунзода» бошад, ҳолати аз ҳисобҳо берун мондан ва аз ҷониби муштариён пардохт нашудани 27,7 млн. квт/соат неруи барқ ошкор карда, ҷиҳати бетаъхир бартараф намудани қонунвайронкунии мазкур амри прокурорӣ дода шуда, 5, 1. млн. сомонӣ ҳаққи истифодаи неруи барқ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шуд.

Ба ҳамин монанд, ба ҳисоб нагирифтани 15,1 млн. квт/соат неруи барқ ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ дар Шабакаҳои барқии ноҳияи Б. Ғафуров муайян карда шуда, дар асоси амри прокурорӣ маблағи 826 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.

Барои роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар ин самт 1014 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба гунаҳгорон 37 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 64,1 млн. сомонӣ, аз ин 5 млн. сомонӣ ба таври нақдӣ ва 59,1 млн. сомонӣ ғайринақдӣ барқарор карда шудааст.

Дар ин давра ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории андоз 389 (386) маротиба санҷида шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 3149 (3178) санади эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 2753 (2757) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 72 (73) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 263,7 (256,7) млн. сомонӣ бо рамзи «64» ба буҷет ворид карда, баҳри рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо ба судҳо ба маблағи 55,2 млн. сомонӣ аризаҳои даъвогӣ пешниҳод карда шудааст.

Дар рафти санҷишҳо ҳолатҳои пинҳонкунии андозҳо ба миқдори махсусан калон ошкор карда шуданд. Чунончи, Муродов Б. 6 октябри соли 2017 сармояи оинномавии ширкати ҶДММ «Парвиз 2010»-ро харидорӣ намуда, бо мақсади саркашӣ аз пардохти андоз маълумотро оид ба тағйир ёфтани муассис ба Феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ворид накарда, ба номи ширкат ба маблағи 30,5 млн. сомонӣ молу мавод ворид намуда, дар ин маврид 1,1 млн. сомонӣ андозҳоро пардохт накардааст. Аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбати охирин бо моддаҳои 292 қ.1 ва 295 қ.1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ё ин ки пинҳонкунии андозҳо ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб» ошкор карда шуда, сармуҳосиби он Қараев Ҷ. Т. ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.

Мақомот дар ин давра Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

Муайян карда шуд, ки мақомоти санҷишии ҷумҳурӣ ҷиҳати ба танзим даровардани сохторҳои тобеъ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба кам гардидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон ва беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои онҳо корҳои назаррасро анҷом додааст.

Дар ин давра аз ҷониби онҳо дар фаъолияти субектони хоҷагидор 70 316 (83 246) санҷиш гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 12930 адад ё 15,5 % кам мебошад.

Прокуророн ҳолати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрукро дар ин давра 360 (320) маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 577 (551) амр, 384 (378) пешниҳод ва 528 (434) эътироз оварда, дар асоси санадҳои эътиноӣ 2663 (2170) нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ ва моддӣ кашида, 144 (129) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 33,4 (34,8) млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукию дигар зарарҳоро барқарор намуданд.

Дар ин давра 1396 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи 8,8 млн. сомонӣ ошкор гардида, 44 парвандаҳои ҷиноятӣ ва 1352 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд. Чунончи, Сайдалиев Ф. С., сокини ноҳияи Зафаробод солҳои 2018 ва 2019 тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 30 маротиба машруботи спиртиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст, ки маблағи умумии он 4,3 млн. сомониро ташкил медиҳад (Сайдалиев Ф. С. бо ҳукми суд маҳкум гардид).

Ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон 574 (598) маротиба санҷида шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1103 (1035) амр, 997 (882) эътироз, 820 (725) пешниҳод оварда, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 3492 (3221) нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шуда, 2708 (2638) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 393 (381) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 26,8 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

Бо дарназардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳолати иҷрои он мунтазам таҳти санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 516 (458) санади эътиноии прокурорӣ оварда, бо баррасии онҳо 917 (574) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 2188 (2207) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 145 (173) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Сатҳи содиркунии ҷиноят дар байни ноболиғон рӯ ба пастравӣ ниҳода, дар қиёс бо соли гузашта 34 (2019-873, 2018-907) ҷиноят камтар содир шудааст.

Дар маҷмӯъ сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат боло рафта, соли 2019 21996 (21957) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 39 ҷиноят ва ё 0,1 фоиз зиёд буда, кушодашавии онҳо 85,7 (83,6) фоизро ташкил медиҳад.

Болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 295 ё 4,8 %, шаҳру ноҳияҳои И. Сомонӣ — 55 ё 6,5 %, Фирдавсӣ-1 28 ё 3,4 %, Сино-1 211 ё 30,4%, Ваҳдат 186 ё 34,1 %, Рӯдакӣ-1 56 ё 5,3 %, Турсунзода 129 ё 24,4 %, Файзобод 9 ё 5,5 % ва Сангвор 16 ё 36,3 % зиёд шудааст.

Содиршавии ҷиноятҳои вазнин бошад, рӯ ба камшавӣ ниҳода, нисбат ба ҳамин давраи соли ­гузаш­та 294 (2018-5158, 2019-4864) ҷиноят ё 5,7 фоиз кам содир шудаанд.

Аз ҷониби прокуророн 7477 (2018-7565) ҷиноят ё 33,9 % ошкор ва ба қайд гузошта шудаанд, ки 932 (945) адади онро ҷиноятҳои аз қайд пинҳоншуда ташкил медиҳанд.

Вобаста ба ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқаманд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 28 (21) парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 43 (38) нафар оғоз шуда, 20 (9) парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 35 (18) нафар бо анҷоми тафтишот ба суд фиристода шудааст.

Соли 2019 дар кишвар 76 ҳодисаи одамкушӣ, 18 ҳодисаи суиқасд ба одамкушӣ ва 3 ҳодисаи кӯдаки навзоди худро куштани модар, 97 (2018-86) ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба он нисбат ба 110 нафар содир шудааст, ки аз онҳо 92 нафари ҷабрдидагон мардҳо, 13 нафарашон занҳо, 5 нафарашон ноболиғон мебошанд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои дахлдори прокурорӣ муроҷиати шаҳрвандон оид ба шиканҷа 34 адад кам гардидааст (14/48). Нисбат ба 7 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ барои даст задан ба шиканҷа парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва гунаҳгорон маҳкум гардиданд.

Дар соли 2019 665 адад силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла, 65 мил автомати Калашников, 90 туфангча, 207 милтиқу карабинҳо, 4 силоҳи миллашон рахдор, 292 силоҳи суфтамил ва 7 найза — корд дарёфт ва мусодира карда шудаанд (микдори силоҳу лавозимоти ҷангии мусодирашуда бе дарназардошти натиҷаҳои фаъолияти дигар мақомот, аз ҷумла прокуратураи ҳарбӣ истифода шудааст).

Дар ин давра, содиршавии ҷиноятҳо бо истифодаи силоҳи оташфишон 38 (55) адад ба қайд гирифта шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 адад ё 30,9% кам мебошад.

Вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар ҷумҳурӣ 508 (668) ҷиноят ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т. 637 кг. (Зт. 696кг.) маводи нашъадор мусодира карда шудааст, ки 171 кг. (282 кг.)-и онро маводи нашъадори навъи героин ташкил медиҳад.

Дар ин давра мақомоти прокуратура назорати тафтиши пешакии 21119 (20469) парвандаи ҷиноятиро таъмин карда, дар ин раванд ба муфаттишон 4395 (4541) дастури хаттӣ дода, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта 674 (655) пешниҳоди прокурорӣ оварда шудааст, ки бо натиҷаи баррасии онҳо 765 (746) нафар муфаттиш ва таҳқиқбарандагон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

Мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ тафтиши 12376 (11407) парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 9727 (10401) парвандаро ба суд ирсол кардаанд. Дар рафти тафтиши пешакӣ 645,4 млн. сомонӣ зарар ошкор ва 309,8 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

Муфаттишони прокуратура тафтиши 4105 (3887) парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 3378 (3591) парвандаро ба суд ирсол намуда, дар рафти тафтиши пешакӣ 342,3 (194) млн. сомонӣ зарарро муайян ва 114,7 (77,9) млн. сомониро барқарор кардаанд.

Аз шумораи умумии парвандаҳои ҷиноятии тафтишнамудаи муфаттишони прокуратура 572 (613) адад оид ба вайронкунии қонунгузории замин, 178 (176) — азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 164 (150) — оид ба суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳо, 68 (94) — оид ба тасарруфи маблағҳои бо тариқи кредит додашуда, 54 (58) оид ба қочоқ, 75 (98) — оид ба одамкушӣ, 51 (37) — оид ба дахлнопазири манзил, 28 (105) — оид ба ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ, 47 (38) — оид ба худкушӣ расонидан, 35 (18) — оид ба ҷиноятҳо ба муқобили адолати судӣ, 40 (42) — оиди таҷовуз ба номус, 18 (28) — оид ба гирифтану додани пора, 6 (6) — оид ба терроризм, 13 (25) — оид ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва бандитизм, инчунин 141 (164) адад оид ба ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ мебошанд.

Аз ин ҳисоб 191 (220) парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 212 (262) нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиш ва ба суд ирсол карда шудааст.

Бо мақсади пешгирии сабабу ҳолатҳои худкушӣ ва суиқасд ба он, инчунин баҳри пешгирии ин зуҳурот «Барнома дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ барои солҳои 2019-2023» қабул гардида, иҷрои бандҳои он таъмин карда шуда истодааст.

Дар ин давра 632 (581) ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 104 (102) нафарашонро ноболиғон ва 170 (144) нафарашонро ҷавонони аз 18 то 25 — сола ташкил медиҳанд.

Афзоиши ҳодисаҳои худкушй ва суиқасд ба он дар вилоятҳои Суғд (Б. Ғафуров-48/37, Истаравшан-28/26, Гулистон-9/5, Ҷ. Расулов — 18/13, Спитамен-22/15, Деваштич-20/14, Зафаробод-16/9, Шаҳристон-8/4), Хатлон (Ҷайҳун-7/1, Қубодиён-9/5, Данғара-16/11, Ш. Шоҳин-7/1), ВМКБ (Хоруғ-9/2 Рӯшон-4/1, Роштқалъа-4/1, Ишкошим-6/0), шаҳри Душанбе (Фирдавсӣ-10/9), шаҳру ноҳияҳои Роғун-3/1, Тоҷикобод-12/3, Турсунзода-15/11, Файзобод-10/ ба назар мерасад.

Ҳамчунин, дар ин давра 9 (4) нафар хизматчии ҳарбӣ ва 1 (1) нафар маҳбус даст ба худкушӣ задаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои ба худкушӣ расонидан 51 (43) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, алалхусус дар рафти таъқиби ҷиноятӣ диққати хоса дода, 73 (85) ҳолати ғайриқонунӣ ва бармаҳал оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, 5 (13) ҳолати ғайриқонунӣ дастгир намудан, 3 (8) ҳолати ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифтан ва 5 (8) ҳолати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон ошкор карда шуда, дар маҷлисҳои васеи ҳайати мушовара мавриди муҳокима ва чораҷӯӣ қарор дода шуданд.

Экстремизм ва терроризм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, чун пештара аз зумраи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи мардум боқӣ мемонад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт корҳои муайянро ба анҷом расонида, 1029 (733) ҷинояти хусусияти террористию экстремистидоштаро ошкор ва ба қайд гузоштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 296 адад ё 28,7 % зиёд мебошад.

Дар ин давра нисбат ба 395 нафар барои шомил шудан ба ташкилотҳои фаромиллии террористӣ ва иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин нисбат ба 214 нафар пайравони фаъоли равияи экстремистии «Салафия» парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шудаанд.

Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ содир гардидаанд, мавриди тафтиши пурраю ҳамаҷониба қарор дода шуданд. Чунончи, бо парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба роҳбарон ва аъзои иттиҳодияи муташаккили ҷиноятии экстремистӣ-террористии ба ном «Ҷамоати Муваҳиддин» — маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии ЯС-3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов С.С., Азамов М. Б. ва дигарон 37 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли ин иттиҳодияи муташаккили ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардиданд.

Ҳамчунин, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба маҳкумшудагон Абдусамадов Б. ва дигарон, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта адои ҷазо менамуданд, собит сохт, ки онҳо дар хусуси ташкил намудани иттиҳоди ҷиноятӣ дар шакли зерсохтори «Ҷамоати Муваҳиддин» маслиҳат намуда, нақшаи ҷалби дигар маҳкумшудагон, тақсими вазифаҳо дар байни аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ ва тарзу усулҳои фаъолияти онро тарҳрезӣ карданд.

Бо анҷоми тафтишоти пешакӣ 29 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли иттиҳоди ҷиноятии мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии судӣ қарор дорад.

Ҳамин гуна, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии ЯС №3/2 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, ки аъзои равияи террористӣ — экстремистии «Салафия» ба шумор мерафтанд, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол ва бо ҳукми суд 28 нафар маҳкум гардиданд.

Новобаста аз чораҳои андешидашуда дар ин давра ҷинояти мудҳиши террористӣ-ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии №4 «Ишқобод»-и қисми ҳарбии 0317 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, содир гардид, ки дар натиҷаи он 26(мардон — 9, занон — 8 нафар, ноболиғон4 нафар, хизматчиёниҳарбӣ — 5нафар ва 1 нафар корманди милитсия)нафар куштаву 2 нафари дигар захмӣ гардиданд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 22 нафар ба ҳабс гирифта шуда, бо итмоми тафтишоти пешакӣ парванда ба суд ирсол карда шудааст.

Дар самти мубориза бо коррупсия 788 парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, аз ҷумла оид ба азонихудкунӣ 232, қаллобӣ — 169, суиистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ — 40, гирифтани пора — 43, додани пора — 15 ва 276 дигар ҷинояти коррупсионӣ оғоз карда шуданд.

Прокуророн бо 9886 парвандаи ҷиноятӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намуда, ба санадҳои судӣ 368 (446) эътироз, аз ҷумла 24 (45) эътирози хусусӣ, 127 (154) эътирози кассатсионӣ ва 217 (247) эътирози назоратӣ овардаанд, ки қонеъшавии онҳо мутаносибан 56, 81 ва 74 фоизро ташкил медиҳад. Бо эътирозҳои прокурорӣ дар маҷмӯъ 294 (267) санадҳои судӣ бекор ва тағйир дода шуданд.

Дар баррасии 5835 парвандаи гражданию оилавӣ ва маъмурӣ иштироки прокуророн таъмин гардида, ба санадҳои судӣ бо ин парвандаҳо 24 эътирози кассатсионӣ, 12 эътирози хусусӣ ва 85 эътирози назоратӣ оварда, ба судҳо 820 даъво ба маблағи 451 млн. сомонӣ пешниҳод карда шудааст.

Ҳолати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва тавқифгоҳҳои тафтишотӣ 4675 (4538) маротиба санҷида шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 640 (510) санади эътиноии прокурорӣ оварда, 60 (122) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд.

Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 таҳти №1648 таъмин ва нисбат ба 22110 нафар татбиқ гардида, дар раванди он 28,7 млн. сомонӣ, 1,8 млн. рубли Федератсияи Россия ва 44590 доллари ИМА зарари аз ҷиноятҳо расонидашуда барқарор карда шудааст.

Ҳолати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 706 (749) маротиба санҷида шуда, аз натиҷаи он 955 (924) амр, 658 (586) эътироз ва 652 (627) пешниҳод оварда, дар асоси санадҳои эътиноӣ 1317 (1239) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 162 (158) парвандаи ҷиноятӣ, аз он 52 (45) коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта оғоз ва 8,4 (7,4) млн. сомонӣ зарар барқарор карда шудааст.

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси рухсат кардани хизматчиёни ҳарбӣ дар даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии соли 2019 шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нишон дод, ки масъулини комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ якҷо бо дигар мақомоти ваколатдор бо мақсади пеш аз муҳлат иҷро кардани нақшаи даъват ба қонунвайронкунии ҷиддӣ роҳ дода, ба иҳотагирӣ даст зада, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, ҳатто беморонро ғайриқонунӣ боздошт ва ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд.

Дар ин самт баҳри бартараф кардани қонунвайронкуниҳо 639 амр, 553 эътироз, 169 пешниҳод фиристонида шуда, дар натиҷа, 354 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Ғайр аз ин, 52 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Прокуророн дар сохторҳои ҳарбӣ 501 ҷиноят ошкор намуданд, ки 134 адади он ҷиноятҳои коррупсионӣ (17 ҷинояти додан ва гирифтани пора) мебошанд.

Дар ин давра 27 (17) ҳодисаи фавти хизматчиёни ҳарбӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи одамкушӣ 2 (2) нафар, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ — 8 (0), бо сабаби беморӣ — 5 (2), худкушӣ — 9 (4), дар натиҷаи вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ — 2 (2) ва ҳодисаҳои нохуш 1 (2) нафар ба ҳалокат расидаанд.

Гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар самти омӯзиши масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ аз ҷониби Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба истирдоди ҷинояткорон ба мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ 139 дархост ирсол ва 69 нафар дархостшудагон истирдод карда шудаанд.

Баҳри тарғибу ташвиқи қонунҳо 12224 (11461) вохӯрию суҳбат гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 2901 (2895) маротиба, аз ҷумла аз тариқи матбуот — 799 (818), телевизион — 1178 (1163) ва радио 683 (659) маротиба баромадҳо гузаронида шуданд.

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар оянда низ баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чораҳои зарурӣ меандешад.

РАИС: —Ба муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод савол дошта бошед, марҳамат.

Сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба назорати Дастур, узви Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният муҳтарам Маҳтобшозода Арамбегим Бозор дода мешавад. Марҳамат.

Маҳтобшозода Арамбегим Бозор: -Мувофиқи маълумоти Созмони шаффофии байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози мубориза бо коррупсия дар миёни 180 давлат дар ҷои 153 — юм қарор дорад. Яке аз субъектҳои асосии мубориза бо коррупсия мақомоти прокуратура ба шумор меравад. Барои ба эътидол овардани вазъ дар ин самт чӣ корҳо бояд иҷро шаванд?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод:

-Рости гап, мо намедонем, ки ин созмонҳо аз рӯи кадом критерияҳо маълумот ҷамъоварӣ намуда, ба фаъолияти сохторҳо баҳогузорӣ мекунанд. Прокуратураи генералӣ якҷо бо Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ баҳри аз байн бурдани коррупсия тамоми тадбирро меандешад. Ягон ҳолати коррупсионӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шавад, нест. Ҳар ҷинояте, ки содир мешавад, ба қайд гирифта шуда, гунаҳкорон бо ҳукми суд маҳкум мегарданд. Оянда низ бо мақомоти номбурда мубориза бар зидди коррупсияро пурзӯр менамоем.

РАИС: -Сухан ба муҳтарам Иноятзода Баҳром, узви Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия дода мешавад. Марҳамат.

ИНОЯТЗОДА Баҳром: -Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2019 қарздорӣ аз музди меҳнат зиёда аз 50 миллион сомониро ташкил дод. Мақомоти прокуратура баҳри ошкору бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат чӣ тадбирҳоро амалӣ мекунад?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод:

- Дар ҳақиқат, қарздорӣ аз музди меҳнат тамоюли каму зиёдшавӣ дорад. Баъзе аз сохторҳо дар як моҳ имконияти пардохти музди меҳнатро надоранд, вале моҳи дигар онро мепардозанд. Вобаста ба баргардонидани музди меҳнат аз ҷониби мақомоти прокуратура чораҳо андешида шуда истодааст. Асосан, қарздории музди меҳнат аз ҳисоби корхонаҳои хусусӣ, саҳомӣ ва корхонаҳои саноатии барҳамхӯрда, ки фаъолият надоранд, мебошад. Корхонаҳои давлатӣ сари вақт музди меҳнатро пардохт мекунанд, вазорату кумитаҳо низ дар ин самт ягон мушкилӣ надоранд. Дар ин самт корро идома дода, кӯшиш мекунем, ки қарздорӣ аз музди меҳнат пурра аз байн равад.

РАИС: -Шумо дақиқ гуфта метавонед, ки аз 50 миллион сомонӣ қарзи муассисаҳои буҷетӣ, субъектҳои соҳибкорӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ чӣ қадар аст?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод:

-Қарздории музди меҳнат дар соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок 14 миллиону 164000 сомонӣ, саноати коркард – 5 миллиону 729000, бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ 14 миллиону 165000 сомониро ташкил медиҳад, ки аксари онҳо хусусианд. Боқимонда қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва дигар сохторҳои буҷетӣ, инчунин, корхонаҳои хусусӣ мебошад.

РАИС: -Бигузор ҷомеа донад, ки маблағи аз буҷет муқарраршуда ҳатман ба кормандони ин ё он соҳа мерасад. Дар самти ҷудокунии маблағ аз буҷет мушкилӣ нест. Проблема дар бемасъулиятӣ, беназоратӣ ва бо сифат иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби шахсони мутасаддӣ мебошад. Прокурори генералӣ ваколат дорад, ки пардохти музди меҳнатро аз корхонаю муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, талаб намояд. Вақте инсон дар доираи шартномаи дуҷониба меҳнат мекунад, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки сари вақт маошашро гирад. Музди меҳнат ченаки иҷтимоист. Вобаста ба қарздории музди меҳнат киҳо ҷазо гирифтанд?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод:

-Муҳтарам Раис, вобаста ба сари вақт напардохтани музди меҳнат 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар ин самт 1047 санади ҷиноӣ — прокурорӣ қабул гардида, дар асоси онҳо тайи соли сипаришуда 142 миллион сомонӣ музди меҳнат пардохт шуд.

РАИС: -Сухан ба муҳтарам Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна, узви Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа дода мешавад. Марҳамат.

Саодат АМИНҶОНОВА: -Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2019 теъдоди мубталоёни бемориҳои сироятӣ дар мамлакат аз 4547 кас ба 4987 нафар расида, афзоиши он 0,7 дарсадро ташкил додааст. Дар ин самт, аз ҷумла, нисбат ба пешгирии бемории сироятии коронавирус аз тарафи мақомоти прокуратура чӣ чораҳо амалӣ карда мешаванд?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод: —Мо ҳар соат бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии бемории коронавирус мунтазам дар робита ҳастем. Якҷо бо мақомоти дахлдор баҳри пешгирии воридшавии дорувории пастсифат низ ҳар рӯз кор бурда истодаем.

Вобаста ба зиёдшавии шумораи беморони сироятӣ, аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), таъкид карданиям, ки солҳои қаблӣ занони ҳомила пеш аз таваллуд аз ташхиси гирифторӣ ба бемории мазкур намегузаш­танд. Ҳоло ҳатман мегузаранд. Ғайр аз ин, ҳангоми муроҷиат ба духтури дандон низ ташхиси гирифторӣ ба бемории мазкур ҳатмист. Аз ин рӯ, ошкоркунии беморӣ зиёд шуд.

РАИС: -Сухан ба муҳтарам Шоҳиён Нуралӣ Набот, муовини раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­парламентӣ дода мешавад. Марҳамат.

Шоҳиён Нуралӣ Набот:

- Тибқи маълумоти оморӣ, соли сипаришуда зиёда аз 24000 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла, 19000 соҳибкор тибқи патент ва 3000 нафар соҳибкори тибқи шаҳодатнома коркунанда фаъолияташонро қатъ намуда, 2000 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрданд. Маълум аст, ки ин ҳолат то андозае ба пешрафти иқтисодиёти кишвар халал мерасонад. Сабабҳои он оё таҳлил шуд?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод:

- Дар маълумоти баъзе мақомот, аз ҷумла, Агентии омор, Кумитаи андоз ва ғайра номувофиқатӣ дар рақамҳо ба назар мерасад. Масалан, мувофиқи маълумоти Агентии омор то якуми январи соли 2020 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 171475 адад, мувофиқи маълумоти мақомоти идораи замин — 185616 ва мақомоти андоз 55621 адад­ро ташкил медиҳад. Фарқият 29995 адад аст. Санҷиши чунин ҳолатҳо то якуми майи соли равон давом мекунад. Вобаста ба натиҷаи санҷиш чораҳои дахлдор меандешем.

Дар ҷумҳурӣ 25822 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла, 1404 шахси ҳуқуқӣ ва 24418 соҳибкори инфиродӣ тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолият дошта, 2039 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрданд. Дар баробари ин соли гузашта 36422 субъектҳои нави хоҷагидор, аз ҷумла, 1158 шахсони ҳуқуқӣ, 35265 соҳибкори инфиродӣ, аз онҳо 7882 хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ба қайд гирифта шуд. Яъне, шумораи субъектҳои нави хоҷагидор нисбат ба субъектҳои барҳамхӯрда 10600 адад ё 29 дарсад зиёд гардид.

РАИС: -Сухан ба муҳтарам Раҷабзода Миралӣ, узви Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсо­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­янда­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ дода мешавад. Марҳамат.

РАҶАБЗОДА Миралӣ: -Риояи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2018 дар мақомоти андоз, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Агентии «Тоҷикстандарт» ва мақомоти дигари назоратӣ чӣ гуна аст?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод:

- Мо якҷо бо мақомоти дахлдор пайваста дар ин ҷода кор мебарем. Санадҳои санҷишие, ки аз ҷониби Палатаи ҳисоб, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тартиб дода мешаванд, аз ҷониби раёсати дахлдори Прокуратураи генералӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад. Зимни ҷой доштани ҷиноят парванда кушода, барои тафтиш ба мақомоти дахлдор мефиристем.

Вобаста ба санҷишҳои молиявие, ки аз тарафи Палатаи ҳисоб, Кумитаи андоз, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида мешаванд, ҳаминро гуфтаниям, ки соле қариб 1000 ададро ташкил медоданд. Соли 2018 ин масъаларо дар маҷлиси ҳайати мушовара мавриди баррасӣ қарор додем, ки дар натиҷа гузаронидани санҷишҳо дар асоси дархости мақомоти зикршуда кам гардид. Ҳоло ҳамагӣ 100 — 150 адад ба нақша гирифта шудааст.

РАИС: -Сухан ба муҳтарам Ҳомидзода Абдураҳмон, узви Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология дода мешавад. Марҳамат.

ҲОМИДЗОДА Абдураҳмон: -Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар мақомоти прокуратураи кишвар ва дигар вазорату идораҳо чӣ гуна арзёбӣ карда мешавад? Дар кадом вазорату идораҳо ва сохторҳои ҳимояи ҳуқуқ вазъият дар ин самт мураккабтар аст ва бо чӣ сабабҳо? Чораҳои эътиноии прокурорӣ дар ин раванд чӣ гуна мебошанд?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод: -Мақомоти прокуратура иҷрои қонуни мазкурро дар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳама вақт мавриди санҷишу чораҷӯӣ қарор медиҳад. Чунончи, соли 2019 иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» — ро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксармоягузор», «Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ», ҶСК «Агроинвестбонк», БДА ҶТ «Амонатбонк», Бонки миллӣ, вазоратҳои фарҳанг, нақлиёт, кишоварзӣ, адлия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радио, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, алоқа, муҳоҷират, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва дигар субъектҳо мавриди санҷиш қарор додем. Вобаста ба натиҷаи санҷишҳо 1771 санади эътиноии прокурорӣ қабул гардида, 18 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.

РАИС: —Бо иҷозати шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, аз муҳтарам Раҳмон Юсуф ­Аҳмадзод хоҳиш менамоем, ки ба ҷояшон гузаранд ва баъди музокираҳо, дар сурати зарурат, шояд боз ба саволҳои пайдошаванда посух гӯянд.

Марҳамат, кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба муҳтарам Раҳмон ­Озода Эмомалӣ — раиси Кумитаи Маҷ­ли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,ҳозирини гиромӣ!

Аз ҷониби прокурори генералӣ, ҳамчун шахси ҳисоботдиҳанда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллӣ, ҳисобот дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар соли 2019 пешниҳод гардид.

Бо таваҷҷуҳ ба талаботи Дас­тури Маҷлиси миллӣ, кумита дар ҷаласа ҳисоботи прокурори генералиро мавриди таҳлил қарор дода, баҳодиҳии фаъолияти мақомотро анҷом дод.

Баъди таҳлили ҳисоботи пешниҳодшуда, кумита фаъолияти мақомотро дар соли 2019, дар маҷмӯъ, мусбат арзёбӣ менамояд. Яъне, таҳлил собит сохт, ки мақомот ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният фаъолиятро самаранок ба роҳ мондааст. Мисоли он мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба амнияти озуқаворӣ, андоз, гумрук, нақлиёт, ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳифзи муҳити зист ва ғайра мебошанд.

Бо дарназардошти он ки прокурори генералӣ дар ҳисобот натиҷаи фаъолияти мақомотро васеъ пешниҳод намуд, онро такрор карданӣ нестам.

Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки новобаста аз пешравиҳо, дар фаъолияти мақомот ҳанӯз ҳам камбудиҳо ҷой доранд ва аз ҷониби масъулини соҳа ислоҳ ва пешгирӣ намудани онҳоро тақозо менамояд.

Вобаста ба ҷоннок намудани фаъолияти мақомот, кумита роҳандозӣ намудани иқдомоти зеринро мувофиқи мақсад мешуморад:

1. Таҳлил нишон медиҳад, ки қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин тамоюли афзоиш дошта, соли 2019 нисбат ба беш аз 680 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътирози прокурорӣ оварда шудааст. Тибқи ҳисоботи Прокурори генералӣ, ҳолати мазкур нисбат ба соли 2018 140 эътироз зиёд мебошад.

Масъалаи мазкур соли сипаришуда низ, зимни шунидани ҳисоботи прокурори генералӣ барои соли 2018, баррасӣ ва боиси нигаронӣ гардид. Ин дар ҳолест, ки ду сол қабл бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат таркиби мақомот дар самти назорати қонунгузории замин бо 50 воҳиди кории сохтори алоҳида таъсис дода шуд. Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ зарур аст, ки доир ба пешгирии қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи замин фаъолиятро пурзӯр намояд.

2. Фаъолиятро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо тақвият дода, ҷиҳати пешгирии онҳо, аз ҷумла, шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ, ошкор ва дастгир намудани онҳо чораҳои иловагӣ андешад.

3. Тибқи омор, соли 2019, бо ҳукми суд 173 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳкум шудаанд, ки нисбат ба соли 2018 19,3 фоиз зиёд мебошад. Ғайр аз ин, ҳолатҳои шиканҷа, ҳабси ғайриқонунӣ ва беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон низ ҷой доранд. Аз ин лиҳоз, ба мақомоти прокуратура зарур аст, ки ба масъалаҳои зикршуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, назоратро дар ин самт низ пурзӯр намояд.

4. Бо таваҷҷуҳ ба пешгирии хавфи эҳтимолии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории COVID–19 (коронавирус), назорати иҷрои қонунгузориро дар самти сарҳад, нақлиёт, тандурустӣ, санитарӣ, эпидемиологӣ, фаъолияти бозорҳои наздисарҳадӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор пурзӯр намояд.

Дар як вақт, ҷиҳати пешгирӣ намудани болоравии нархҳо, назоратро тақвият бахшад.

5. Назорати иҷрои қонунҳоро дар самти татбиқи сиёсати пуливу бонкӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва васеъ ҷорӣ кардани низоми пардохти ғайринақдӣ тақвият диҳад.

6. Назорати риояи қонунгузорӣ оид ба сиёсати гендерӣ, оила ва ноболиғону ҷавонон, инчунин, пешгирии зӯроварӣ дар оила, худкушӣ ва савдои одамонро тақвият бахшад.

7. Вақтҳои охир, муроҷиатҳо вобаста ба пардохти музди меҳнат аз ҷониби кормандони буҷетӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо тамоюли афзоиш дорад.

Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати тақвият додани назорат дар самти баррасии муроҷиатҳо, инчунин назорати пардохти саривақтии музди меҳнат фаъолиятро ҷоннок намояд.

8. Дар доираи салоҳият бо созмонҳо ва мақомоти давлатҳои хориҷӣ ҳамкории байниидоравиро баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандон густариш диҳад.

Бо дарназардошти тавсияҳои мазкур, ба мақомоти прокуратура зарур аст, ки фаъолиятро соли 2020 боз ҳам тақвият дода, дар партави дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Ташаккур!

РАИС: -Сухан ба муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло — раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология дода мешавад. Марҳамат.

ФАЙЗУЛЛОЗОДАЗафар Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,ҳозирини гиромӣ!

Дар иртибот ба ҳисобот, ки аз ҷониби прокурори генералӣ муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо таҳлили амиқ баён гардид, маро ҷинояту ҷинояткорӣ нигарон сохт. Мутобиқи таҳлилҳои оморӣ, соли сипаришуда дар кишвар баъзе аз ҷиноятҳо кам гардида бошад ҳам, вале содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ ва суиқасд нисбат ба соли 2018- ум 11 адад, таҷовуз ба номус — 4, тасарруф бо роҳи дуздӣ — 268 ва авбошӣ 62 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Пешниҳод менамоям, ки бо мақсади пешгирӣ ва бартараф кардани ҷиноят, таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ чораҳои муҳофизатиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо истифода аз имконият ва механизми пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» роҳандозӣ намоем.

Масъалаи дигаре, ки ҷомеаи шаҳрвандиро бетараф гузошта наметавонад, даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон маҳсуб меёбад, ки сол аз сол тамоюли зиёдшавӣ касб намудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур зарур мешуморем, ки мақомоти давлатии дахлдор ва табақаҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ чораҳои амиқ ва роҳҳои нави пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва бартараф намудани сабабҳои ба худкушӣ мусоидаткунандаро амалӣ созанд.

Ҳозирини гиромӣ, замин боигарии асосии мамлакати мост. Истифодаи самараноку оқилонаи он аз ҳар як шахс масъулияти баландро тақозо менамояд. Хуб аст, ки бо дахолати мақомоти прокуратура ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаи замин муайян ва шахсони онҳоро содиркарда ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонун кашида шудаанд. Зарур аст, ки дар ин самт фарҳанги ҳуқуқии мардум ва фаъолияти шӯрои маҳаллаву кӯчаву гузарҳо баланд бардошта шавад, зеро аз забти худсаронаи замин ва сохтмони худсарона, пеш аз ҳама, субъектони мазкур бохабаранд.

Дар доираи тақвияти назорати прокурорӣ дар самти риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба шаҳрсозӣ, бояд масъулияти кормандони марбутаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро баланд бардорем, зеро пешбурди нақшаи генералӣ ва татбиқи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ба зиммаи онҳо гузошта шудааст.

Дар интиҳо бо боварӣ метавон гуфт, ки прокурори генералӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мақомоти дахлдор баҳри таъмини волоияти қонун, пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди кишвари азизамон тадбирҳои мақсаднокро меандешад.

Раис: -Сухан ба муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ — раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод Раҳимӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,ҳозирини гиромӣ!

Дар робита ба ҳисобот мехоҳам оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ андеша баён созам.

Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар як давраи таърихӣ дорои хусусият ва мушкилоти хос мебошад. Баъзеҳо интиҳои асри XX ва аввали асри XXI — ро ҳамчун давраи зуҳури экстремизм ва терроризм арзёбӣ мекунанд. Раванди мазкур, ки макону миллат надорад, арзишҳои умумибашарӣ ва тартиботи ҷаҳониро халалдор сохта, ба ҷараёни ҳамзистиву ҳамкории тамаддунҳо, дину оин, маърифату фарҳанг таъсири манфии худро ба таври ошкору пинҳонӣ бо истифода аз воситаҳои замони муосир ба рӯҳия ва мафкураи инсонҳо, махсусан ҷавонон, расонида истодааст.

Аз ин лиҳоз, зарур медонем, ки прокурори генералӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки соли гузашта қабул намудем ва он чораҳои нави мубориза бар зидди зуҳуроти мазкурро пешбинӣ намудааст, тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ намояд. Тавре огоҳ ҳастем, гурӯҳи кории махсус таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»- ро ба зимма дорад. Итминони комил дорем, ки бо меъёри алоҳида мақоми прокуратура дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб ба таври мушаххас ифода меёбад.

Новобаста аз ин ва хулосабарорӣ аз ҳодисаҳои нангини солҳои охир, бахусус кирдорҳои террористии шахсони алоҳидаву гурӯҳҳои муташаккил дар муассисаҳои ислоҳӣ ва ҳуҷуми мусаллаҳона дар Ишқобод, зарур аст, ки назорати прокурорӣ пурзӯр карда шавад.

Гузашта аз ин, пайгирӣ намудани баррасиҳои илмию ҷамъиятии мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм, омода намудани мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо ифротгароӣ ва терроризм, ҷиноятҳои киберӣ, инчунин пурзӯр намудани нақши пешгирикунандаи аҳли соҳаи маорифу тандурустӣ, ҷамоатчигии кишвар ва воситаҳои ахбори оммаро дар ин самт зарур меҳисобем.

Дар интиҳои суханронӣ изҳори боварӣ менамоям, ки ­масъалаҳои матраҳшуда аз ҷониби мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, баҳри таҳкими назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, инчунин манфиатҳои давлат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

РАИС: -Сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ — раиси Кумитаи Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ дода мешавад. Марҳамат.

ИМОМЗОДАМуҳаммад­юсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси ­миллӣ,ҳозирини гиромӣ!

Аз ҳисобот бармеояд, ки фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ сол то сол беҳтар гардида, волоияти қонун, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар таъмин мегардад. Тавре қайд гардид, риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи маориф ва самтҳои ноболиғону ҷавонон ташвишовар буда, зарур аст баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдош­та якҷо бо мақомоти прокуратура чораҳои таъхирнопазир андешем.

Бояд зикр кард, ки назорати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои пешбурди тарзи ҳаёти солим ва раҳнамун сохтани насли наврас ба таълиму тарбия мусоидат кардааст ва мавҷудияти баъзе аз камбудиҳо дар самти мазкур боиси нигаронии на танҳо прокурори генералӣ, балки мову шумо ва аҳли ҷамоатчигии кишвар аст. Биноан, бояд чораҳо андешем то ин ки ягон кӯдак ва ҷавон аз таълиму тарбия берун намонад.

Чорабиниҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ки мақомоти прокуратура дар муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ намуд, барои коҳиш ёфтани ҷинояткории ноболиғон мусоидат кард. Аз ин рӯ, вохӯриву суҳбатҳои мунтазами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар муассисаҳои таълимӣ пайваста идома дода, баланд бардоштани масъулият ва маърифати ҳуқуқии омӯзгор, таълимгиранда ва волидайни ӯро таҳким бахшем.

Мо вазифадорем, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура баҳри таъмини волоият ва риояи қонунгузорӣ тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешем. Умед дорем, дар ҳамкорӣ ба ин ҳадафҳои созанда комёб хоҳем шуд.

РАИС: —Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир – раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия дода мешавад. Марҳамат.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ваҳозирини гиромӣ!

Тавре ки аз ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод шунидем, кормандони мақомоти прокуратура корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Аз ҷумла, дар ҳисоботи прокурори генералӣ қайд гардид, ки прокуророн ҳолати иҷрои қонунҳоро 5338 маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда 11041 амр, 5680 пешниҳод ва 7485 эътироз оварда, 23089 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2688 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Тавре дар ҳисобот дарҷ ёфт, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ҷиҳати риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 788 парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ оғоз гардидааст. Чораҳои андешидашуда аз натиҷаи фаъолияти пурсамари прокурори генералӣ ва мақомоти прокуратура шаҳодат медиҳад.

Пӯшида нест, ки коррупсия ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Кишваре нест, ки дар он ҷо коррупсия ҷой надошта бошад. Албатта, коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба мисли терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои нав ба нав таъсири манфиро ба сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии давлатҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ҳар як шаҳрванд расонида, боварии шаҳрвандонро ба қонунҳо ва шахсони мансабдори давлатӣ коста мегардонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар ҳанӯз ҳам чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирию паст намудани сатҳи коррупсия зарурати пурзӯр намудани назоратро тақозо менамояд.

Бинобар ин, хуб мебуд, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд.

Итминони комил дорам, ки Прокуратураи генералӣ баҳри таъмини волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканиҳо назоратро боз ҳам пурзӯртар менамояд.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Боз ягон кас хоҳиши баромад кардан дорад?

Мехоҳам дар идомаи баррасии масъала чанд мулоҳиза роҷеъ ба ҳисоботи прокурори генералӣ иброз намоям.

РАИС :- Тавре муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, дарк намудед, баррасии ҳисоботи имсолаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бемуболиға ва бешубҳа, ба таври дигар ҷараён гирифт. Зеро аҳли ҷомеа, ҳар як фарди ҷомеа бо гузашти айём беҳтару хубтар дарк намуда истодаанд, ки то чӣ андоза мақомоти прокуратура нақши муҳим дорад ва то чӣ андоза таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, умуман волоияти қонун, аз фаъолияти мақомоти прокуратура вобастагӣ дорад.

Баромадҳои шумо, саволҳои шумо собитгари ин гуфтаҳост. Зеро танҳо халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилон амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи райъпурсӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1) давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад ва моддаи 93 муқаррар намудааст, ки «назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд» ва тибқи моддаи 94 низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.

Мо ба ҷуз аз иҷрои ваколатҳои конститутсионӣ, ба ғайр аз дар амал пай дар пай, пайвастаю пайгирона ҷорӣ намудани принсипи ҳуқуқбунёдӣ дигар мақсаду маром надорем. Ин мақсаду мароми Маҷлиси миллӣ ва Прокуратураи генералӣ ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, такрор ҳам шавад, зикр намуданиам, ки ҳадаф аз баррасии ҳисоботи прокурори генералӣ, натиҷагирӣ аз фаъолияти дастгоҳи давлатии марбут ба ҳифзи ҳуқуқ мебошад, зеро прокуратура ягона мақомест, ки дар раванди таъмини қонуният мониторинги татбиқи онҳоро доимӣ роҳандозӣ намуда, аз ноқисии меъёрҳои он бархӯрдор мебошад ва ҳамчун роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии марбута фаъолият менамояд ва он таваҷҷуҳе, ки имрӯз нисбат ба фаъолияти прокуратура ифода намудем, маҳз аз муқаррароти зикршуда сарчашма мегирад. Зеро фаъолияти қонунгузорӣ низ моҳиятан ба таъмини волоияти қонун нигаронида шудааст.

Мафҳуми қонуният дарки амиқ, риоя ва иҷрои дақиқ, якхела ва ҳатмии меъёрҳои ҳуқуқиро аз ҷониби тамоми субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ тақозо дошта, принсипи муҳими фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама, кафолати инкишофи муътадили ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва татбиқи дигар масъалаҳои муҳимро тақозо менамояд.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки бо сарварии прокурори генералӣ муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар фаъолияти прокуратураи ҷумҳурӣ дастовардҳою раванди мусбат баръалост ва агар чунин намебуд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳод ба Маҷлиси миллӣ барои додани ризоият ба муҳлати панҷ соли дигар таъин намудани муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод муроҷиат намекарданд. Ба ҷуз аз ин кас, дигар роҳбарият ҳама иваз шуд. Лекин, ҳамчуноне гуфтам, ҳисоботро на барои он мешунавем, ки якдигарро таърифу тавсиф карда, ба осмон барорем, зеро талаботи ҷомеа нисбат ба фаъолияти ҳар яки мову шумо пурзӯртар шудааст.

Халқи Тоҷикистон, онҳое, ки ба ҷонибдории мову шумо овоз додаанд, интихоб намудаанд ва онҳое, ки сазовори боварии Президенти мамлакат гардида, ба ин ё он мақоми баланди давлатӣ таъин шудаанд, бояд ба талаботи мардум бештар ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, вазъи имрӯза моро водор мекунад, ки дар доираи ҳисоботи пешниҳодгардида ба баъзе аз масъалаҳо бештар диққат диҳем.

Аз баромади раисони кумита ва саволҳои иброзшуда ба прокурори генералӣ маълум гардид, ки эътибори аввалиндараҷа ба пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни мақомоти прокуратура ва мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ба манфиати тарафайн ва ҷомеа хоҳад буд.

Тибқи нақшаҳои тасдиқгардида, бояд бо иштироки бевосита ва бо сарварии прокурори генералӣ ҳар чӣ зудтар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2025» таҳия, тасдиқ ва амалӣ гардад.

Дар робита бо назорати риоя ва иҷрои ташаббусҳои Президенти мамлакат оид ба эълони мораторий ба ҳама намуди санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ то 1 январи соли 2021 ва солҳои 2019-2021 эълон шудани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ дахл доранд, Прокуратураи генералӣ бояд чораҳои иловагӣ, аз ҷумла, таъсис додани гурӯҳи махсусро баррасӣ намояд ва ба ин васила ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми назаррас гузорад. Агар дар ҷомеа иқтисодиёт набошад, заминаи молиявӣ набошад, мову шумо фаъолият карда наметавонем. Ман беҳуда дар бораи ташаббус ва фармони Сарвари давлат оид ба масъалаҳои мазкур ёдовар нашудам, зеро ба василаи аз байн бурдани санҷишҳои беасоси фаъолияти соҳибкорӣ, умуман дастгирии воқеии соҳибкорӣ ва бе рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, потенсиали иқтисодии ҷомеаро зиёд карда наметавонем. Ин самтҳое мебошанд, ки ҳатман ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат менамоянд.

Тавре огаҳӣ доред, ҷаҳон дар остонаи буҳрони навбатии иқтисодии молиявӣ қарор дорад. Дар ин бобат, прокурори генералӣ бояд имконият ва фишангу неруи назорати прокурориро баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, пешгирии афзоиши шумораи бекорон, қарзи музди меҳнат, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва масъулияти иҷтимоии соҳибкорон равона созад.

Раисони кумитаҳо ҳам оид ба қарздорӣ аз музди меҳнат сухан ронданд. Дар бораи ҳифзи меҳнат бошад, ҳатто гап накушодем. Лекин замони он расидааст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Аз ин лиҳоз, ба лоиҳаи қарор ҳатман банди алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоии кормандон ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ баҳри таъмини ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқҳои кормандони дар истеҳсолоту хизматрасонӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ фаъолиятдоштаро ҳамроҳ намудан зарур аст.

Имрӯзҳо вируси тоҷшакл (коронавирус) аз таъиноти биологӣ ё генетикӣ ба проблемаи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ мубаддал гардида, ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, айни ҳол сатҳи маърифат, фарҳанги ҳуқуқӣ боиси нигаронӣ буда, то ҳол бозори дохилӣ аз молу маҳсулот ва дорувории бесифат озод нашудааст. Бинобар ин, мақомоти прокуратура бояд иҷрои санадҳои ҳуқуқие, ки амнияти маънавӣ, фарҳангӣ, истеъмолӣ, озуқаворӣ ва санитариро ба танзим медарорад, зери назорати қатъӣ қарор диҳад.

Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ бояд мунтазам ва ҳадафмандона, тибқи ҳуҷҷати барномавии мақсадноки маҷмаавӣ, ба роҳ монда шавад. Стратегияи давлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниро бояд барои 10, 15, 20 сол омода, тасдиқ ва татбиқ намоем. Бояд ҳамқадами замон буд. Гузашта аз ин, дар амалияи прокурорӣ низ бояд навгониҳои ба талаботи ҷомеа ва давлат мутобиқкунанда ворид гарданд ва дар доираи қонун роҳандозӣ шаванд. Бояд қонунҳои соҳавӣ ва қонунҳои танзимкунандаи мақомоти прокурорӣ ба хотири мутобиқати якдигар таҷдиди назар гарданд.

Боварӣ дорам, ки баррасии то андозае ҳамаҷонибаи имрӯза моро водор месозад, ки дарк намоем, ки агар мову шумо муносибатро нисбат ба он самтҳое, ки боиси нигаронии ҷомеа аст, дигар накунем, тавсеаву тақвияту таҳким набахшем, ба мақсади ниҳоии аҳли ҷомеа ноил гардиданамон амри маҳол аст. Мо бояд мақсаду маромро пай дар пай амалӣ намоем ва боварӣ дорам, ки ҳамин хел ҳам мешавад.

Агар касе сухан гуфтанӣ бошад, марҳамат.

Муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, ба шумо муваффақият ва комёбӣ таманно менамоем. Нисбат ба лоиҳаи қарор кӣ чӣ пешниҳод дорад?

Қабл аз оне, ки онро ба овоз монем, фикрҳои худамро оид ба лоиҳаи қарор иброз менамоям. Сараввал, ташаккури зиёд ба онҳое, ки барои таҳияи лоиҳаи қарор оид ба ҳисобот заҳмати беандоза кашиданд.

Пешниҳод мекунам, ки дар банди 2, зербанди ду ҳатман масъалаи коррупсияро зикр намоем. Коррупсия дар лоиҳа дар зербанди 10 омадааст. Онро аз банди 10 ба банди 2 барем, зеро худатон имрӯз ҳам тасдиқ кардед ва аҳли ҷомеа ба умеди он аст, ки муборизаи беамон, доимӣ, пайгирона бо ин зуҳурот, ки аз вабо бадтар аст, бояд амалӣ карда шавад.

Масъалаи дигар, мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон, бахусус, ноболиғон ва ҷавонон, назоратро қатъӣ ба роҳ монда, тарзу усулҳои муассири коҳиш додани зуҳуротро татбиқ намоянд. Ин кор дар ҳамкории судманд бо мақомоту сохторҳои марбута, аз ҷумла, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, мақомоти маҳаллӣ бояд амалӣ карда шавад.

Пешниҳоди дигар ин аст, ки ба лоиҳаи қарор банди алоҳида оид ба назорати пайваста ва ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоиву истеҳсолии коргарону хизматчиёни соҳаҳои марбутаи истеҳсолию хизматрасонӣ ҳамроҳ карда шавад.

Агар пешниҳодоти дигар набошад, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019»- ро, бо дарназардошти пешниҳодҳои зикршуда, ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям мавқеи хешро муайян намоед. Марҳамат.

Қарор қабул гардид.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон