Талаби 10 соли зиндон ба ноболиғи муттаҳам ба қатли ду нафар

Акс аз навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Акс аз навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Додситон барои як писари 15-сола дар Тоҷикистон, ки мақомоти тафтишотӣ ӯро ба қатли ду корманди истироҳатгоҳи "Нилан"-и ноҳияи Варзоб муттаҳам медонанд, 10 соли зиндон талаб кард. Мурофиа ҳашт моҳ боз дар Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад.

Шабнами Искандар, вакили мудофеи ноболиғ, рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ гуноҳ надорад ва мунтазири ҳукми одилонаи додрас ҳастанд.

Ин ноболиғ дар куштори Шуҳрат Ғолибови 25-сола ва Исломиддин Шаҳидови 13-сола, сокинони шаҳри Душанбе муттаҳам аст.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қатли ин ду нафар рӯзи 6-уми июли соли гузашта дар истироҳатгоҳи “Нилан”, ки дар онҷо кор мекарданд, рух додааст. Аммо наздикони ноболиғ мегӯянд, куштори ду нафар аз сӯи навраси 15-сола номумкин аст.

Волидони Шуҳрат ва Исломиддин, ҷавонони кушташуда низ ба гунаҳкор будани навҷавон шубҳа доранд ва мегӯянд, "гунаҳкорон касони дигаре ҳастанд ва мақомот бояд онҳоро пайдо кунанд".

Моҳи ноябри соли гузашта волидони ноболиғ аз намоиши батакрори писари 15-солаашон дар гузориши телевизионии Вазорати умури дохилӣ ибрози нигаронӣ карда буданд. Онҳо гуфтанд, ҳанӯз ҳукми додгоҳ набаромада, ин гузориш фарзандашонро дар чашми мардум ҷинояткор муаррифӣ кардааст. Қабл аз ин миёнаҳои моҳи июл низ телевизиони давлатии Тоҷикистон як гузориши вазорати умури дохилиро нашр кард, ки нишон медод, ин наврас нақл мекард, чӣ гуна ду нафарро куштааст.

Дертар ӯ ба пайвандонаш гуфтааст, таҳти шиканҷа ва таҳдиди кормандони милиса гуноҳро ба гардан гирифтааст. Иддаои шиканҷа шудани ноболиғро дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Варзоб рад мекунанд.

Дар назар аст, мурофиаи додгоҳии наврас пас аз таътили ҷашни Наврӯз дар додгоҳи олии Тоҷикистон идома ёбад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон