Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба чор нафар расид

Дар тани писар ва духтари як бемори мубталои коронавирус, ки рӯзи гузашта аз Истанбул озими Ӯзбекистон шуд, нишонаҳои ин бемориро пайдо кардаанд

Дар ин бора Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ дода, гуфтааст, шумори умумии гирифторони коронавирус дар кишвар ба чор нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, дар тани писра ва духтари як бемор, низ нишонаҳои коронавирус пайдо шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин бемор рӯзи гузашта, бо ҳавопаймои ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" аз Истанбул вориди Тошканд шудааст. Ба иттилои манбаъ, баъди як ташхис нишонаҳои ин беморӣ дар тани ин нафар мусбат нишон дода шудааст.

Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус COVID-19 дар Ӯзбекистон рӯзи гузашта аз як шаҳрванди ин кишвар, ки аз Фаронса баргаштааст, пайдо намуданд.

“Рӯзи 15 март соати 6:00 дар бадани шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашт, коронавирус COVID-19 ошкор шуд”,  - омадааст дар иттилояи Вазорати тандурустӣ.

Дар пайи ин ҳолат, сардухтури санитарии Ӯзбекистон Баҳром Алматов аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки ба воҳима дода нашаванд ва қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд.

Ин дуюмин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки коронавирус дар он ошкор гардид. Қаблан ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон сабт шуд, ки мубталоён аз Олмон баргашта буданд. Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон аллакай шаш ҳолати гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардидаст.

Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

Рӯзи гузашта хабар дода шуда буд, ки  дар Чин, хостгоҳи "вируси тоҷдор", 80 ҳазору 991 маврид (11 мавриди ҷадид) ва 3180 фавт (7 мавриди ҷадид) сабт шудааст, ки бамаротиб коҳиш ёфтани шуюъи ин вирусро бармало мекунад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ба 51 ҳазору 767 нафар (7488 мавриди ҷадид), мавориди фавт ба 1775 нафар (335 мавриди ҷадид) расидааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон