Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад

Суди ноҳияи Файзобод дар маҷлиси сайёри судӣ  нисбат ба сокини Ҷамоати деҳоти Ҷавонон  Суннат Гулов  ба муносибати аз  таваллудхона  баровардани набераҳои навзодаш  баргузор намудани маъракаи калон ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда, баробар ба 2750 сомонӣ ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Файзобод Файзулло Мирзозода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ёрдамчии раиси Суди Файзобод Наврӯз Зоирзода гуфт, ки Суннат Гулов  бар хилофи талаботи қисми 3-и моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба муносибати аз таваллудхона рухсат шудани тифлони навзоди духтараш Фархунда Гулова ва келинаш Асалмо Шоева дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар деҳаи Мулотуғмаи ноҳия бо даъвати меҳмонон ва иштироки васеи хешу ҳамсоягонаш маросими калон баргузор намудааст.  Кормандони  Прократура ва бахши танзими ноҳия ин қонуншиканиро ошкор намуда, Суди ноҳияи Файзобод барои дарси ибрат гирифтани ҳамсоягону дигар сокинони ҷамоат ин парвандаро дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ намуд.

Судя барои бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи Суннат Гулов, инчунин бо назардошти ҷойи кор надоштану дар таъминоташ будани 16 нафар аъзои оила ва доштани кӯдаки маъюби ноболиғ бо талаботи моддаи 48, қисми 5 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ ҷазои ҷаримаи пасттар аз раводиди моддаи 481, қисми 1 Кодекси мазкур таъйин намуд.

Суннат Гулов дар маҷлиси сайёри судӣ пушаймонии худро изҳор намуда, аз сокинон даъват кард, ки аз баргузор намудани  чунин маъракаҳои зиддиқонунӣ худдорӣ ва маблағҳояшонро барои беҳбуди зиндагии фарзандонашон сарф намоянд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон