Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон додани иҷозатномаи корро ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар он ҷойҳо ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, муваққатан қатъ кард.

Ситоди доимо амалкунандаи муқовимат бо паҳншавии коронавируси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешид.

Ситод таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Гулрӯ Ҷабборзода 2-юми марти соли равон таъсис дода шуд.

Дар нақшаи қабулшудаи ситод тадбирҳое ба мисли худдории кормандони вазорат аз сафарҳо ба давлатҳои аз коронавирус сироятёфта, риояи меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ҷойи кор, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон асосан шаҳрвандони Чин, Афғонистон, Ӯзбекистон ва ба миқдори начандон зиёд шаҳрвандони кишварҳои дигар низ кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон иртиботи ҳавоӣ бо Чин, Афғонистон ва Эронро қатъ карда, ҳамчунин тавсия дод, ки аз фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ барои сафар ба ҷумҳурӣ аз Кореяи Ҷанубӣ ва Италия худдорӣ карда шавад.