Аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи ба истилоҳ “Бандаи ГТА” Боир Ғуломов ва Муродҷон Каримов ҳар кадоме ба 25 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар ин бора торнамои Прокуратураи генералии Русия иттилоъ додааст.

Дар маълумот қайд мешавад, ки суд Ғуломов ва Каримовро дар узвияти гурӯҳи ҷиноятпеша, одамкушӣ, ҳамлаҳои ғоратгарона ва содир намудани ҷиноёти дигар дар қаламрави Русия гунаҳкор донистааст.

Соли 2014 чанде аз аъзои гурӯҳ дар Русия боздошт гардида, ба ҷазои ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд.

Ба Ғуловом ва Каримов муяссар шуд, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шаванд. Онҳо мавриди ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ эълон шуданд. Охири соли 2014 муайян гардид, ки макони будубоши онҳо дар Тоҷикистон аст.

Дар қонунгузории Тоҷикистон супоридани шаҳрванди кишвар ба ихтиёри давлатҳои дигар барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Русия бо дархости ҷазо додани онҳо маводи парвандаро ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон фиристод.

Ин гурӯҳи ҷиноятпеша ё худ “бандаи ГТА” давоми солҳои 2012-2014 дар роҳҳои мошингарди шаҳру вилояти Маскав ва вилояти Калуга ба ронандагон ҳамла мекарданд. Мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки ба ҳайати гурӯҳ на камтар аз 15 нафар зодагони Осиёи Марказӣ шомил буда, онҳо дар куштори 17 нафар ва захмӣ кардани боз 2 тани дигар гунаҳкоранд.

Панҷ нафар иштирокчиёни парвандаи “бандаи ГТА” соли 2017 ба посбонҳои суди вилояти Маскав дарафтода, силоҳи онҳоро гирифтанд. Чор нафар аз ҳамлагарон кушта шуданд. Аз рӯйи парвандаи кӯшиши фирор ба 4 посбон ҷазои шартӣ таъин шуд.

ГТА дар исми ин гурӯҳ аз номи бозии компутарии маъруф Grand Theft Auto (GTA) аст ва матбуоти Русия ин номро ба ин гурӯҳи ҷиноӣ додааст. Ин бозӣ дар бораи зиндагӣ дар як шаҳрест, ки аз сӯйи гурӯҳҳои ҷиноӣ тасарруф шудааст.